Вохурии Раиси Суди ноҳияи Ҷайҳун бо сокинони Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» ва «Ваҳдати-миллӣ» и ноҳияи Ҷайҳун.

Муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон

Ибораи Коррупсия аз калимаи лотини гирифта шуда маънояш бадахлоқ ё фосиқ кардан мебошад. Решаҳои таърихии коррупсия ин додани инъом ё туҳфа бо мақсади пайдо кардани мавқеъ истифода бурда мешуд. Ҳануз дар ҷамъиятҳои аввал омилҳои ба подшоҳон ё сардорони гуруҳ (важак) додани туҳфаи гаронбаҳо бо мақсади қонеъ шудани дархостҳояшон мавҷуд буд ва дар воқеъ чунин шахсон аз байни дигарон фарқият ё бартарият пайдо карда аксаран дархостҳояшон қонеъ мешуд. Баъди ба вуҷуд омадани институтҳои давлатдори шахсони махсус яъне шахсоне пайдо шуданд, ки идораи давлати ё ягон апарати он бар души онҳо мононда шуд ва ин шахсон пинҳони аз мавқеи ишғолнамудаи худ суйистифода карда ҳолати иқтисодиашонро беҳтар мекарданд.


Баъдан пайдо шуданд омилҳои зидди корупсиони. Дар адабиётҳои дахлдор диққати махсус ба фаъолияти судяҳо ё Қозиҳо нигаронида шуда буд. Чунки аксар вақт ин мансабдорон бо гирифтани инъоми муайян кушиш мекарданд, ки моликиятро нодуруст тақсим кунанд ё баҳсеро берун аз қонун ҳал кунанд. Ҳатто дар китобҳои муқаддаси динни низ омилҳои корупсиони дарҷ шудаанд аз ҷумла дар китоби Библия омадааст «Туҳфа қабул накун чунки туҳфа биноҳоро кур мекунанд ва кори ҳақонро нодуруст мекунад» ё дар китоби муқаддаси Қуръон ибораи зерин дарљ шудааст, «Моликияти якдигарро ғаириқонуни аз худ накунед ва бо мақсади аз худ кардани моли дигарон қозиҳоро инъом надиҳед».


Ҳолатҳои болои аз он шаҳодат медиҳад, ки коррупсия таърихи қадима дошта ҳануз дар қарнҳои пеш аз мелод ҳасти вуљуд доштааст. Адабиётњо нишон медињанд, ки сабаби ягонаи ављ гирифтани коррупсия ин хоњиши ба даст овардани фоида бо суйистифодаи мавќеъ буда ва омили ягонаи пешгириаш ин њиссиёти тарс аз љазо барои ин амал мебошад.
Коррупсия зуњуроти номатлуби љамъияти буда, омўзиши љидди ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплекси ва оперативиро талаб менамояд.    Таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иљтимоию иќтисоди, паст кардани сатњи камбизоати, боварии шаҳрвандон ба институтҳои давлати демократи таҳияи сиёсати зиддикоррупсиониро дар миқёси умумимилли талаб менамояд, ки бояд воситаи муттаҳидсозии саъю кӯшиши мақомоти давлати, ташкилотҳои ҳамаи шакли моликият ва институтҳои ҷомеаи шаҳрванди гардад.


Коррупсия — ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлати ваколатдор ё ба онњо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои модди ва ғайримодди, бартарият ва имтиёзҳои дигари дар қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкуни ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракати) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқи истифода мебаранд.

Раиси суди ноҳияи Ҷайҳун
Нурализода С.М.