Имруз роҳбарияти ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол-и ноҳия, бо раисони маҳалаҳо ва сокинони Ҷамоат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон аз 25.04.2026с дар ноҳияи Данғара, вохури анҷом доданд
Маркази матбуот
Имруз ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон аз 25.04.2026с дар ноҳияи Данғара, роҳбарияти ноҳияи Ҷайҳун бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия вохури анҷом доданд.
Иштироки Раиси суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Нурализода Сафар Маҷид. Бахшида ба 33- солагии Таъсисёбии Артиши Миллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба дидорбинии Сарбозону Афсарони дидбонгоҳи « Сосомниён»-и ноҳияи Ҷайҳун рафта, аз шароити буду, бошӣ онҳо дидан намуда ва ба аскарон туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Аз ҷониби Раиси суди ноҳия парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаи сайёри судӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи №36 барраси гардид.
Дар вохурии мазкур Раиси суд бо сокинон оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду қонуни миллӣ, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, истифодаи оқилонаи қувваи барқ ва пешгири аз омилҳои коррупсионӣ суҳбат намуданд.
Баҳри тавзеҳи Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025с, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак», шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ, пешгири намудан аз амалҳои корупсионӣ ва дигар мавзуҳо аъзои иштирокчиён ва Раиси суди ноҳия баромад намуданд.
Санаи 14 январи соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо шароити моддиву техникии суд, тартиби ташкили фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, инчунин бо раванди баррасии парвандаҳо аз наздик шинос шуданд.
Суди ноҳияи Ҷайҳун 

