Сабабҳои гаравиданӣ ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ва роҳҳои пешгирии он.

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва  мавриди амал қарор дода шудаанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубо­риза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам­нияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Вале, терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст”.

Таъсири манфии ин зуҳуротҳои номатлуб бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки сабаби асосии он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократия ва шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои “аҳриманӣ” маҳкум менамояд, то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.

Пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад.

Аз тадқиқотҳои илми криминалогия ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозад.

Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” валотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан буда, экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстемизм (тундравӣ аз андоза гузаштан) шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад.

Ба ақидаи аксари муҳақиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм пештар аз ҳама ва бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқарраротҳои дини ислом сӯистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд амал менамоянд.

Ба саволи – “сабабу решаҳои пайдоиш ва пайравӣ ба ақидаҳои террористию экстремистӣ дар чист ва омилу ангезаҳои асосии он кадомҳоянд?” ҷавоби дақиқу мукаммал додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосию умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Якум, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки “мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал зиндагӣ дорем”. Дар ин маврид ҷавононе, ки дар зиндагӣ роҳи дурусти худро намеёбанд ё ноком мегарданд, раҳоӣ аз онро дар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебинанд. Дар ин ҳолат шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бештаромили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ дошта, баъзе аз онҳо фирефтаи тарғиботи ҷалбкунандаи ин гуна ҳаракатҳо мешаванд ва мушкилоти худро бо ин роҳу васила ҳал кардан мехоҳанд.

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ, танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст — ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо кишварҳои Ғарб сиёсати духӯра, бурӯя ва меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Муттаасифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро “Қуръон”, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва таблиғ менамояд. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. Экстремистон барои ба гумроҳӣ бурдан ва бовар кунонидани ҷавонон ба ғояву андешаҳои муғризонаи худ оятҳои Қуръонро нодуруст ва ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки ин амали норавост.

Чорум, рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи гурезаҳои иҷборӣ, ба вуҷуд омадани норозигӣ ва оқибат пайвастани гурӯҳи ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷинояткорон мегардад. Абарқудратҳо ҳамон шиори классикии “тақсим куну ҳукумат рон”-ро то ҳол истифода мебаранд, бо тадбиқи сиёсати “духӯра” дар кишварҳои сусттарақикарда мухолифони ҳукумат, ва ҳатто гурӯҳҳои террористию экстремистиро таъсис, таъмин ва тарафдорӣ менамоянд. Давлатҳои абарқудрат, махсусан давлатҳои Ғарб ба мақсади соҳибӣ кардани нефт, фурӯхтани аслиҳаи кӯҳнашудаи худ, ки аз ин ҳисоб маблағҳои зиёдро ба даст медароранд, аз ҳисоби муҳоҷирони иҷборӣ қувваи кории арзонро муфт соҳиб мешаванд, хариду фурӯши узвҳои бадани инсон (трансплантатсия)-ро ба тиҷорати сердаромад табдил додаанд, бо баҳонаи кӯмаки башардӯстона бо ворид сохтани қӯшунҳои ҳарбии худ барои баланд бардоштани маҳорати ҷангии онҳо, дар баъзе давлатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Сурияву Ироқ, ки мардумашон зиндагии тинҷу ором доштанд, “Давлати исломӣ”-ро маблағгузорӣ ва ташкил намуда, мардуми ин кишварҳоро ба хуну хок оғушта намудаанд.

Панҷум, густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу алсиҳа. Бархе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҳамин ҳисоб маблағҳои калони пулӣ ба даст меоранд ва ба ин мақсад амал мекунанд. Давлатҳои абарқудрат маҳз ба воситаи чунин гурӯҳҳо яроқу аслиҳаи худро ба фурӯш мебароранд. Тиҷорати маводи нашъаовар ва аслиҳа яке аз сабабҳои доман паҳн кардани гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.

Шашум, шароити вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил, камбизоатӣ, нодорӣ боиси норозигӣ ва гаравидани баъзе гурӯҳҳо ба экстремизм ва терроризм мегардад.

Ҳафтум, як чизи ҳайратовар низ мушоҳида мешавад, ки дар байни аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фарзандони оилаҳои сарватманд, ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набударо низ дидан мумкин аст ва инро бояд равоншиносон, сотсиологҳо ва дигар равияҳои илмҳои ҷомеашиносӣ таҳлил намоянд.

Ҳаштум, қастгирӣ, ғараз, хусумат. Баъзе шахсон, гурӯҳҳо, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба сари мансаб меоянд, пулу сарват ҷамъ мекунанд ва дар ҳолати фош шудан аз мансабу сарват маҳрум шудан ба гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, экстремистӣ, террористӣ пайваст мешаванд ё онҳоро дастгирӣ менамоянд.

Нуҳум, ба хотири обрӯ, нуфуз, соҳиби мансаб, сарвату боигарӣ шудан, баъзе ходимони дин равия ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ – ифротию тундравро таъсис медиҳанд.

Даҳум, баъзе шахсон, хусусан ҷавонони камтаҷриба ва камтарбия ҳастанд, ки табиатан ҷангҷӯ, моҷароҷӯй ва ҳангоматалаб буда, бо ҳар роҳу васила ҳатто бо ҷиноят ва шомил шудан ба гурӯҳҳои экстемистӣ, террористӣ худро намоиш додан ва дар ҷомеа ба “обрӯ”, “нуфуз” ва “эътироф” соҳиб шудан мехоҳанд.

Ёздаҳум – омили олами ҷиноӣ, ҷинояткорон. Баъзе шахсони ҷинояткор, аз ҳабс гурехта, зери кофтуков қарор дошта барои халосӣ аз ҷазо ва ҳимояи худ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд.

Дувоздаҳум – фанатизими (таассуби) динӣ, таҳаммулнопазирӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар.

Тибқи ақидаи коршиносон ва таҳлилгарон ҳоло беш аз 18 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва радикалӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба тақрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва дигар амалиётҳои ифротӣ машғуланд. Аз соли 2006 то ба имрӯз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ беш аз 15 ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамчун ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳисобида, фаъолияти онҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намудааст, аз ҷумла: “ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тайба”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷараёни ифротии салафия”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”. Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии номбаршуда, танҳо дар ном гуногун буда, мақсад, роҳҳои ҷалб кардан ва нияту нақшаҳои якхела доранд. Мақсади ниҳоии онҳо ғасби ҳокимият, тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва бунёди давлати исломӣ мебошад.

Ғоя, идеологияро ба мағзи сари инсонҳо, мардум бо ҳар роҳу усули таъсировар, собитқадамона ҷойгир кардан зарур аст, вагарна ҷойи холиро ҳатман ғояи бегона ва ба назар «ҷолиб» ишғол менамояд.

Ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ синну сол, маълумот, шуғл, сатҳи зиндагӣ, гурӯҳи иҷтимоӣ, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳои расмӣ, қонунӣ шомил будани онҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Зеро тибқи таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар синну соли шахсони ба гурӯҳҳои ифротӣ шомилгардида асосан аз 18 то 30 ва аз 30 то 40 соламебошад, ки инро бояд ҳангоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ ба инобат гирифт.

Ҳангоми корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти ин ё он мақомот, шахсони алоҳида бо далел, рақам, бе таҳқири шахсият ба таври ошкоро танқид шуда, роҳҳои бартараф кардани камбудиҳо нишон дода шавад. Таърифҳои бардуруғ, яктарафа натиҷаи баръакс меорад.

таъмин кардани ҷавонон бо ҷои кор, аз байн бурдани бекорӣ майлу хоҳиши пулпарастӣ, чизпарастӣ, шӯҳратпарастӣ, бегонапарастӣ имрӯз бояд зери маркази таваҷӯҳи мақомоти масъул ва волидайн бошад.

баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастӣ.

тарбияи ҷавонон дар мисоли ҳаёт, таҷриба ва зиндагии ибратангези шахсиятҳои номдор дар миқёси шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ.

танқиди ошкорои шахсони қонуншикан, ришвахӯр, ахлоқан нопок, бегонапараст ва манфиатҷӯ.

хотима гузоштан ба таблиғу ташвиқи маъракаи ҳаҷ, нишон додани дабдабаи гусел ва қабули ҳоҷиён, хусусан онҳое, ки аз ҳаҷ «араб» шуда бармегарданд ва ба либосу гуфторҳои бегонапарастиашон майнаи ҷавононро гиҷ мекунанд. Ҳаҷ яке аз фаризаҳо ва талаботи аҳкоми шариат буда, ҳеҷ ҷои таблиғу ташвиқ ва таърифу тавсиф надорад ва ин кори муқаррарии ҳар як мусулмон аст. Дар дигар кишварҳои исломӣ онро ба тариқи телевизион таърифу тавсиф намекунанд. Дар мо мусулмонӣ ба тариқи «реклама» нишон дода мешавад. Дар маъракаҳо муллоро аз олиму муаллим ва шахсони зиёӣ боло нишонда, нисбати онҳо эътибори махсус медиҳанд, ки ин низ шавқи ҷавононро на ба илм, балки ба зоҳирпарастӣ ва хурофот ҷалбу моил месозад.

хотима гузоштан ба кору фаъолияти дурӯягӣ, духӯрагӣ ва бемасъулиятии баъзе имомхатибон ва ходимони дин, ки дар минбар дигар чиз мегӯянду дар асл рафторашон дигар аст. Ба гурӯҳҳои экстремистӣ шомил шудани баъзе имомхатибон падидаи хавфнок аст ва бояд ҷазои ҷиноятӣ нисбати ин ашхос пурзӯр карда шавад.

ходимони дин бояд дар корҳои тарғиботӣ аз меъёрҳои анъанавии дини ислом дуруст истифода намоянд, моҳияти исломро ки ҷонибдори инсондӯстӣ ва сулҳдӯстист ба ҷавонон дуруст фаҳмонанд.таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар бояд зери назорати махсуси волидайн ва мақомоти масъул бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба доми терроризм ва экстремизм кашида мешаванд. Аз ин лиҳоз, имрӯз мо масъулият дорем, ки рафтори онҳоро дар хориҷи кишвар низ назорат намуда, аз маҳалли будубош ва нафарони ҳамзисти онҳо бохабар бошем.

Ҳамин тариқ, новобаста аз он, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта бояд пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳкумгардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гиранд.Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

 

 

Раиси суди ноҳияи Ҷайҳун

 Нурализода Сафар  Маҷид.