Таъини ҷазо барои вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Мувофиқи талаботи қисмҳои якум ва дуюми моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд. Ташкили маъракаҳои њољизиёрат, ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.Бархилофи талаботҳои меъёри зикргардида амал намуда, шаҳрвандон Урузматов Беҳруз Исмоилович, санаи 06-уми марти соли 2024, пас аз баргаштанаш аз ҳаҷи умра дар манзили истиқоматиаш дар деҳаи Махтумкули дастархон ороста, ба мардуми маҳалла маъракаи ҳоҷизиёрат ташкил намуда ду таом аз ҷумла ош ва шурбо додааст.Инчуни шаҳрванд Саидаҳмадзода Давлати Закирьё, санаи 07-уми марти соли 2024 соати 18:30, пас аз баргаштани падараш Абдураҳмонов Зикирё аз ҳаҷи умра дар чойхонаи фароғатии масҷиди маҳалаашон дастархон ороста, ба мардуми маҳалла маъракаи ҳоҷизиёрат ташкил намуда таом додааст.Инчуни шаҳрванд Назримаҳмадов Джонмаҳмад, санаи 06-уми феврали соли 2024, пас аз баргаштанаш аз ҳаҷи умра дар манзили зисташ дастархон ороста, ба ҳамсоягон ва хешу табораш маъракаи ҳоҷизиёрат ташкил намуда таом додааст.Инчунин шаҳрванд Додарбеков Камар Бегижонович, санаи 05-уми январи соли 2024, пас аз баргаштани ҳамсар ва писараш аз ҳаҷи умра дар манзили зисташ дастархон ороста, ба ҳамсоягон ва хешу табораш маъракаи ҳоҷизиёрат ташкил намуда таом додааст.Инчуни шаҳрванд Эльмуродов Ашур Ходжаевич, санаи 08-уми феврали соли 2024, пас аз баргаштанаш аз ҳаҷи умра дар манзили зисташ дастархон ороста, ба ҳамсоягон ва хешу табораш маъракаи ҳоҷизиёрат ташкил намуда таом додааст.Аз тарфи раиси суди ноҳияи Ҷайҳун  Нуразида  Сафар Маҷид, ҷазои ҷарима нисбати ҳуқуқвайронкунандагон, Урузматов Беҳруз Исмоилович бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумхурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 110 (як саду дањ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7920 (ҳафт ҳазору нуҳсаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, нисбати Саидаҳмадзода Давлати Закирьё бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 110 (як саду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7920 (ҳафт ҳазору нуҳсаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, Назримаҳмадов Джонмаҳмад бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 110 (як саду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7920 (ҳафт ҳазору нуҳсаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд, Додарбеков Камар Бегижонович бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 110 (як саду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7920 (ҳафт ҳазору нуҳсаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд ва Эльмуродов Ашур Ходжаевич бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 110 (як саду даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7920 (ҳафт ҳазору нуҳсаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

Раиси суди  ноҳияи

Ҷайҳуни вилояти Хатлон

Нурализода Сафар Маҷид.