Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст Табрикоти Раиси Суди ноҳияи Ҷайҳун ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Наврӯз паёми озодии табиат аз сармо, берун омадани муҳит аз карахтӣ, оғози кишту кори баҳорӣ ва қадам ниҳодани мардум ба соли нави аҷдодӣ аст. Аз қадим медонем, ки бо вуҷуди кашмакашиҳои таърихӣ ин иди ниёгон тавонист моҳияти хешро ҳифз созад. Асосгузори сулҳу вањҳати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин мавқеи устувор доштани Наврӯзи Аҷамро дарк намуда, чунин изҳор доштаанд:

«Наврӯз дар таърихи тоҷикон мисли китоби муқаддасест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо суннатҳои неки гузаштагони ориёии моро дар саҳифаҳои худ маҳфуз дошта, бо вуҷуди тохтутозу истилои аҷнабиён аз насл ба насл, то замони мо расидааст. Вақте ба таърихи пайдоиш ва такомули ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин ойини куҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдориҳои ниёгони мо мақому манзалати басо арзанда доштааст».

Чун аз таърихи пайдоиши ин иди куҳан ёдовар шудем, месазад гуфт, ки маъхази бостонии халқи тоҷик, ки дар мавриди зуҳур ва эҳёи Наврӯз маълумоти муътамад овардааст, шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ҳакими тӯсӣ замони пайдоиши Наврӯзи Аҷамро ба давраи подшоҳии Ҷамшед нисбат додааст. Мутафаккири барҷастаи тоҷик Умари Хайём низ дар рисолаи «Наврӯзнома»-и худ Наврӯзро ба замони шоҳигарии Ҷамшед марбут донистааст.

Боиси ифтихор аст, ки замони гул-гулшукуфии Наврӯз, эҳёи дубора ва дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани он ба соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз рост меояд. Ба тарзи дигар, Наврӯз бо соҳибистиқлолӣ тавъам гардида, бо озодӣ ва рушди Ватани маҳбубамон ҳамоҳанг мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлоли Наврӯзи Аҷам хусусиятҳои анъанавии хешро аз нав эҳё кард. Ин шаҳодати он аст, ки Наврӯз ҷашни бостонии миллати фарҳангдӯсту тамаддунофари тоҷик мебошад.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш месазад аз нақши хизматчиёни давлатӣ, хусусан кормандони ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти қонун, тантанаи адолату қонунсолорӣ, сулҳу субот ва оромиву осоиштагии ҷомеа ёдрас шавем.

Барои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва минбаъд онро ҳифз намудан саҳми хизматчиёни ин сохтори муҳими давлатӣ ниҳоят калон аст. Маҳз бо ҷонбозиву корнамоиҳои бемисл онҳо тавонистанд мустақилияти кишварро ҳифз карда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашну маросимҳои аҷдодӣ, аз ҷумла  Наврӯзи Аҷам заминаи воқеӣ гузоранд.

Боиси сарфарозии миллати соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки Иди байналмилалии Наврӯз имсол ба ҷашни дигари барои мардуми мо азиз, 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рост меояд. Тавре маълум аст, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истиқболи ин санаи таърихӣ соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст. Умед аст, ки он иқдомоту чорабиниҳое, ки ба ин муносибат дар соли равон амалӣ карда мешаванд, ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

      Имрӯз, ки мо дар арафаи Наврӯзи ориёӣ — оғози соли нави ниёгон қарор дорем, бояд саъю кӯшиши худро баҳри ободии диёр, корҳои созандагӣ ва таъмини оромиву осоиштагии сарзамини аҷдодии хеш равона созем. Зеро, чун анъанаи гузаштагони тоҷикон, ҳар соле, ки бо корҳои хуб, амалҳои нек ва меҳнати софдилона шурӯъ шавад, тамоми сол ҳамон гуна идома меёбад.

    Дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ, тамоми мардуми кишварро бо фарорасии иди ниёгон – Наврӯзи Аҷам табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, барори кор ва рӯзгори обод таманно менамоем.

      Бигзор Наврӯзи оламафрӯз, барои давлати Тоҷикистон ва миллати сарбаланди тоҷик соли пешравию комёбиҳои нав ба нав гардад.

 

 

      Раиси  суди

        ноҳияи  Ҷайҳун

        Нурализода С.М.