Табрикоти Раиси Суд!

Бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи «Ваҳдати миллӣ»

 

Мўҳтарам раёсат ҳозирин ва ҳамкасбони гиромӣ:

Имрӯз аз рӯйдоди тақдирсоз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон хоҳад монд, 25 сол сипарӣ мегардад.

Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ҳар як фарди кишвар ҳамаи ҳозирини гиромї ва меҳмонони арҷмандро самимона табрику шодбош мегӯям.

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷасумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо аз халқи азизу миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ки бо сабру таҳаммул ва хиради азалӣ тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро барқасди нақшаҳои шуми бадхоҳон хомӯш сохта, бо сулҳу созиш, Ваҳдати миллӣ ва майлу иродаи қавӣ рози ояндаро барои эъмори як давлати соҳибистиқлоли демократї, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимої муайян намоянд, ҳамеша сипосгузорем.

Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ бемуболиҳа, яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири садаи XX мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд. Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст.

Мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарї намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалї ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бӯҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳої ёфтааст.

Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонаи ин мардум тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд.

Масалан, ҷеҳраҳои барҷастаи тамаддуни мо-Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва бузургони дигар арзишҳои бунёдӣ ва маънавияти зиндагисозро дар чорчӯбаи ислом густариш дода, ҳамзамон бо ин, забону фарҳанги миллӣ, суннату русум ва симои хоси таърихии ниёгони худро дар замонҳое ҳифз намудаанд, ки дар он давраҳо даҳҳо миллату халқиятҳо ва давалатҳои хурду бузург аз арсаи таърих беному нишон гаштаанд.

Ё худ дар давраҳои баъдии таърихи тоҷикон як гурӯҳ зиёиёни ватанпараст, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва даҳо нафари дигар барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои таърихӣ ва эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт. Маҳз ба шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл кардем.

Дар ин раванд мо, пеш аз ҳама, пойдевори кохи бузурги ваҳдатро бунёд гузошта, барои зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳала ба марҳала заминаи мусоид фароҳам овардем. Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушди нумӯи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад.

Имрӯз сохторҳои давлатдории мо зина ба зина ташаккул ёфта, кишвари соҳибихтиёр ва давлати мустақили миллиамон ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамраъйӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ намуда, ҳадафҳои наҷибу ояндасози давлатдориамонро амалӣ мегардонем.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бундбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ то ба имрӯз мо ба як қатор дастовардҳои назаррас, аз ҷумла рушди соҳаҳои энергетика, роҳсозиву алоқа ва сохтмону кишоварзӣ ноил шудем, ки ҳамаи онҳо барои аҳли ҷомеа мисли оина равшану маълуманд.

Имрӯз вазифаии мутасаддиёни соҳаи маориф аз он иборат аст, ки ҷавононро ҳарчи бештар ба кор ҷалб намоянд, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, худшиносию ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватандории онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.

 

Мо бояд пойдевори фардоро имрӯз гузорем, кадрҳои баландихтисосу ватанпарвар тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо ва фарзандони мо каси дигар обод намекунад.

Бовар дорам, ки тамоми халқи шарифи Тоҷикистон барои ободии Ватани азизамон азму иродаи созандагӣ ва нерӯи бунёдкориашон дареѓ намедоранд, душвориҳои мавҷударо ақлонаву сарҷамъона бартараф месозанд.

Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавии проблемаҳои сайёра ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиш барои мардуми Тоҷикистон аз ҳар вақти дигар заруртар аст. Зеро таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсї, татбиқи ҳадафҳои стратегї, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори кишвари азизамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтаќдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Њифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллї вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсї ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Мо-мардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавқеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворї ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънивии миллат вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои умумимилливу умумидавлатиро аз дигар манфиатҳои маҳдуди шахсӣ ва гурӯҳиву ҳизбӣ афзал шуморем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.

 

Дар баробари ин, бояд саъю талош кунем, ки аз ҷараёни босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷоҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯи тамаддуни асрӣ, яъне дастовардҳои илмиву ҳунарӣ, техникаю технологияи муосир, воситаҳои иттилоотии замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамої созем. Гузашта аз ин, дар рӯҳияи ваҳдати миллї, сулҳу салоҳ, тамкину таҳаммул, ватандӯстиву ватанпарварї, донишандӯзиву меҳнатдӯстї ва худшиносиву ифтихори миллї тарбия намудани насли наврас аз ҷумлаи вазифаҳои асосї ва қарзи инсонии калонсолону аҳли зиёи мамлакат ва умуман ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Мову шумо бояд як нуқтаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Он рӯз дур нест, ки мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷик дар фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, Тоҷикистони азиз-ин кишвари домони гардун ва дорои табиати нотакрори худро ба як давлати пешрафтаву мутамаддин, дорои шабакаҳои замонавии энергетикӣ, инфраструктураи пешрафтаи нақлиёту алоқа, сатҳи хизматрасонии баланд, яъне ба як мамлакати биҳиштосо табдил медиҳанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллї самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу хонаободӣ, рӯзгори хушу осуда ва сарсабзиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Бигзор ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар сарзамини аҷдодии мо ҳамеша пойдор бошад ва аз ҳар хонадони тоҷик ҳеҷ гоҳ файзу баракат канда нагардад!

Бигзор дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон бо мадади рӯҳи гузаштагони миллатамон сулҳу амонӣ, файзу баракат ва саодату хушбахтӣ ҷовидон пойдор бошад!

Итминони комил дорам, ки мо метавонем ҳама ақлонаву сарҷамъона тамоми нерӯи зеҳнӣ, қудрати ҷисмонӣ ва маҳорату истеъдоди худро ба хотири ободии Ватани азизамон-Тоҷикистон ва таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ, осудагии мардуми шарифамон равона созем.

Мо ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии босаодати халқи азизамон умед баста, ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки моро ба ҳадафҳои некамон расонад, ба мардуми сулҳдӯсту ваҳдатсози мо пирӯзиву сарфарозӣ ва иқболу сарбаландиҳо ато фармояд ва ваҳдати миллии моро ҷовидона гардонад.