Баромади раиси суд оиди Конститутсияи Точикистон.

Ҳуқуқбунёду соҳибихтиёрему ягона дар тамоми арсаи дунё

Дар таърихи давлатдории навини тољикон бори нахуст 6-уми ноябри соли 1994 бо роњи гузаронидани раъйпурсии умумихалќї Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол ќабул гардид. Ин санади сарнавиштсоз дар замоне ќабул шуд, ки алангаи љанги дохилии шањрвандї њанўз хомўш нагашта буд.

Ќабули Ќонуни асосии кишвари мустаќилу соњибихтиёр ва дар минбаъда ворид кардани таѓйиру иловањо ба он марњилаеро ташкил дод, ки асосњои њуќуќии давлатдории навини тољикон ба расмият дароварда шуд. Дар фосилаи се ислоњоти конститутсионї парлумони дупалатагии доимамалкунанда таъсис ёфт, маќомоти њокимияти иљроияи мањаллї ва сохтори иќтисодии кишвар такмил ёфт, њуќуќу озодињои инсон дар љомеаи шањрвандї ба сифати арзиши олї пазируфта шуда, озодии сухан, матбуот, виљдон ва дигар њуќуќу озодињои шањрвандон таъмин ва аз љониби давлат тањти њимоят ќарор дода шуданд.

Имрўз Конститутсия, ки дар худ орзуву омоли чандинасраи халќи худогоњи моро бањри бунёди љомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соњибихтиёрї, бунёди давлати демокративу њуќуќбунёд, пойдории вањдату њамдигарфањмї, суботи сиёсї, таъсиси низоми самарбахши маќомоти њокимияти давлатї, ба миён омадани рукнњои љомеаи шањрвандї, тањкими ѓояњои инсондўстона дар тафаккури љомеа, татбиќи принсипи таљзияи њокимият ва шинохти Тољикистон дар арсаи љањонї чун субъекти комилњуќуќи муносибатњои байналмилалї наќши созгору таърихї дорад.

Боис ба зикри хос аст, ки бо ќабули ин санади сиёсиву њуќуќї давра ба давра ислоњоти њуќуќї ва иќтисодию иљтимої дар кишвар амалї шуда, бинобар татбиќи бомароми њадафњои созандаи пешгирифтаи давлат дар як муддати кўтоњ рушди соњањои мухталифи хољагии халќ таъмин ва сатњу сифати зиндагии мардум тадриљан баланд гардид. Яъне, дар асоси ислоњоти њуќуќї тамоми ќонунгузории кишвар тавассути ќабули ќонунњои муњимми ба талаботи замони нав љавобгўй такмил дода шуда, муќаррароти онњо ба Конститутсия мутобиќ гардонида шуданд ва принсипи конститутсионии волоияти Конститутсия ва таъмини амали бевоситаи меъёрњои он дар њудуди мамлакат таъмин гардида, барои дар рўњияи эњтирому риояи ќонун рушду такомул ёфтани њар фарди љомеа заминаи мусоиди њуќуќї фароњам оварда шуд. Њамин аст, ки бо назардошти омилњои сиёсї, иќтисодию иљтимоии инкишофи давлату љомеа, таќвияти заминањои бунёдии вањдату суботи сиёсї дар мамлакат, талаботи муносибатњои љамъиятии рушдёбанда, ташаккули низоми њуќуќї ва дигар омилњои муњим, дар асоси ислоњоти конститутсионии солњои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалќї дар фазои озоду демократї ба Конститутсия бо љонибдории аксари мардуми кишвар таѓйиру иловањо ворид карда шуданд.
Иштироки фаъоли љомеаи Тољикистон дар чорабинињои муњимми сиёсї, яъне раъйпурсии умумихалќї, ба љомеаи љањон маърифати њуќуќї ва фарњанги волои сиёсию демократии ањолии Тољикистонро нишон дода, собит сохт, ки роњи интихобкардаи Тољикистони љавону соњибистиќлол ба хотири таъмини зиндагии шоиста ва саодати тамоми сокинони кишвар равона гардидааст.

Меъёрњои Конститутсия эњтирому риоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таъмини амният ва суботи устувори љомеа, фароњам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи њар як шахсро таќозо менамоянд. Вобаста ба ин дар боби дуюми моддаи 14-и Конститутсия омадааст: “Њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ба воситаи Конститутсия, ќонунњои љумњурї ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки аз тарафи Тољикистон эътироф шудаанд, њифз мегарданд. Њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд. Онњо маќсад, мазмун ва татбиќи ќонунњо, фаъолияти њокимияти ќонунгузор, иљроия, мањаллї ва маќомоти худидоракунии мањаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи њокимияти судї таъмин мегарданд. Мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад”.

Тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, њамаи шањрвандони кишвар дар назди ќонун ва суд баробар буда, њаќ доранд дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё ба воситаи вакилонашон иштирок намоянд. Шањрвандон ба хизмати давлатї њуќуќи баробар доранд. Ба ин тартиб, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон санади олии њуќуќї ба њисоб рафта, дигар ќонуну санадњои меъёрии њуќуќии амалкунанда ба он мутобиќат доранд ва дар маљмўъ, ба њимояи њуќуќу озодї ва манфиатњои ќонунии инсону шањрванд ва давлату љомеаи њуќуќбунёди Тољикистон равона карда шудаанд. Дар ин миён, ќонуну санадњои меъёрии њуќуќї, инчунин он асноди њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, низ амал мекунанд.

Бояд гуфт, аз ќабул гардидани ин санади муњимми таърихї 28 сол сипарї мешавад. Тайи ин солњо рукнњои асосии давлату давлатдорї тањкиму такмил ёфта, барои мустањкам гардидани истиќлолияти воќеии кишвар ва рушди иќтисодию иљтимоии он шароити мусоид фароњам оварда шуд. Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол муносибатњои давлатдорї ва низоми њуќуќии моро ба куллї таѓйир дода, арзишњои умумибашариро ба њаёти сиёсиамон ворид намуд. Њамин аст, ки имрўз Тољикистон чун узви фаъоли љомеаи љањонї ба њайси давлати њуќуќбунёду демократї ва ояндадор эътироф гардидааст. Бо саъю кўшиш ва талошу љонбозињои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон таклифу пешнињодњои љониби Тољикистон ќариб дар тамоми масъалањои сатњи љањонї ќабул гардида, маќоми созанда ва наќши шоистаи он дар олами муосир мунтазам меафзояд. Ин арзишњои бузурги Конститутсия аст, ки халќи мо баъди њазор сол давлати мустаќилу соњибихтиёр барпо намуда, ба субъекти мустаќил, фаъол ва соњибэњтироми љомеаи љањонї табдил ёфт.

Дар интињои матлаб зикр бояд кард, ки њамин љињатњои Конститутсияи кишвари соњибистиќлол аст, ки ба андешаи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон «онро метавон шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид. Конститутсия бори нахуст Тољикистонро ба љањониён чун давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд ва дунявї муаррифї намуд, забони тољикиро њамчун забони давлатї эълон ва рамзњои давлатии мамлакатро муайян кард, њуќуќу озодии инсон ва шањрвандро арзиши олї ва халќро баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї эътироф намуд.

Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст њокимияти давлатї ба шохањои ќонунгузор, судї ва иљроия таљзия гардида, эътибори олї доштани меъёрњои Конститутсия ва амали мустаќими онњо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иќтисодї, соњибкорї, баробарњуќуќї ва њифзи њуќуќии њамаи шаклњои моликият эълон гардид».

 

Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон,

раиси Суди н. Ҷайҳун