Баромади раиси суди ноҳияи Ҷайҳун оиди кӯшишҳо баҳри шиддати коррупсия

                                     

 

Кӯшишҳо баҳри шиддати коррупсия

Коррупсия зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, дар замони мо ба яке аз ҷиноятҳои фаромиллӣ табдил ёфтааст. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста бо он дар муборизаи оштинопазир қарор дорад, аммо бо таъсири омилҷҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, бунёдӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ташкили ҳеҷ кишвари ҷаҳон то кунун натавонистааст аз ин зухурот канор бошад.
Коррупсия низ яке аз навъҳои тахдидҳои ҷахонӣ ба амнияту суботи кишварҳо ҳисоб меёбад. Муносибати коррупсионӣ аксар кишварҳо ва ҷамъиятҳоро фаро гирифтааст. Коррупсия сӯиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба манфиатњои шахсӣ мебошад. Гардиши солонаи коррупсия дар ҷаҳон садҳо миллиард доллари амрикоиро ташкил медихад. Дар «Барномаи глобалии СММ бар зидди коррупсия» паст намудани шиддати коррупсия масъалаи афзалиятнок буда, СММ коррупсияро ба проблемаи қашшоқӣ дар як қатор давлатҳо алоқаманд медонад. Муборизаи давлатҳо, ташкилотҳои байналхалкӣ ва қабули санадҳои ҳуқуқӣ баҳри мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ маънои онро дорад, кикоррупсия таҳдиди сахттарин ба ҷаҳон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқовимат ба коррупсияро яке аз таҳдидхои асосӣ дар раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳисобида, баҳри рафъи он тамоми кӯшишу талошро роҳандозӣ намудааст.
Дар ин замина қайд кардан зарур аст, ки мубориза бар зидди коррупсия саъю кӯшиши дастҷамъона буда, сохторҳои давлатӣ якҷоя бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар узви ҷомеа метавонанд ба коҳиши шиддати он мусоидат кунанд.
Бояд тазаккур дод, ки маърифатнокии зиддикоррупсионӣ дар татбиқи чораҳои зидди коррупсионӣ тавассути ҷорӣ намудани барномаи таълими, ки баандӯхтани дониш, малака ва масъулият барои огоњ намудан, пешгирӣ ва ошкор кардани хуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ташаккули муносибати оштинопазир дар ҷомеа нисбат ба чунин шуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ нигаронида шудааст, нақши муҳим мебозад.
Дар баробари ин, таблиғи зидди коррупсионӣ тадбири мақсадноки мубориза бо коррупсия мебошад, ки тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаии нтернет, вохӯриҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар усулҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза барзидди коррупсия» аз 7 августи соли 2020 ҳамчун санади мукаммали ҳуқуқӣ  қабул гардид, ки заминаи ташкилию ҳуқуқии мубориза бо коррупсияро таъмин намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодињои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти иқтисодӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатиро аз таҳдиди ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро танзим менамояд.
Барои муқовимат ба коррупсия ва рафъи ин зуҳуроти номатлуб,дар баробари такмили қонунгузории кишвар,барномаҳои миёна муҳлати давлатӣ дар ин самт қабул шудаанд, ки татбиқи онҳо ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар нигаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати амалисозии чорабиниҳо оид ба муқовимат ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 Барномаи нави зидди коррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солњои 2021-2025)» тасдиқ карда шуд.
Умед аст, ки ин санади барномавӣ ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои сиёсии зидди коррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки ба коњиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар ва рафъи он равона карда шудааст, бевосита мусоидат менамояд. Дар сурати амалисозии воқеии чорабиниҳои дар он пешбинишуда, дар маҷмӯъ, ба натиҷаҳои чашм дошт муваффақ шудан мумкин аст.

Муҳиддинзода Баходур Бобохон,.
Раиси Суди ноҳияи Ҷайҳун.