Табрикотти раиси суди ноҳиия Ҷайҳун, оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

МАРҲИЛАҲОИ РУШД ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусияти мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои Ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таљзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳон дониста шуда, он мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аслан таҳияи Конститутсияи нав пас аз иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ин марҳилаи сеюми таҳияи Конститутсия барои халқу давлати мо сарнавиштсоз буд. Иҷлосияи мазкур дар таърихи барқарорсозии давлати Тоҷикистон нақши бузург бозид. Дар ин иҷлосия қарор «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи таш кили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он комиссияи нави конститутсионӣ таъсис ёфт. Бо қарори иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олӣ аз 25 июни соли 1993 дар ҳайати комиссияи мавҷудаи конститутсионӣ тағйирот ворид шуд. Раиси комиссия Эмомалӣ Раҳмон он замон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Баъд аз ин амал кори комиссия ҷоннок ва лоиҳаи Конститутсия аз нав таҳия гардид.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мањз аз ҳамон лаҳзаҳои аввал шакли идоракунии давлатӣ ва реҷаи сиёсии онро ба таври дақиқ муайян карданд. Дар муроҷиатномаашон ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуданд, ки барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст.Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994, ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Иҷлосияи бистуми Шӯрои Олӣ муҳлати раъйпурсиро  6 ноябри соли 1994 муқаррар намуд.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои мамолики дигари дунё бо пешрафти ҷомеа, дигаргунсозиҳои сифатии ҳаёти ҷомеа, дар раванди ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ табиист, ки тағйир меёбад, ба он меъёрҳои ҷавобгӯи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ илова мешаванд. Тағйиру иловаҳои Конститутсия дар таҷрибаи давлатдории ҳамаи мамолики дунё ҷой дорад.Бо мақсади такмили низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ гардонидани унсурҳои демократӣ дар ҷомеа, такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани асосҳои конститутсионии инкишофи минбаъдаи иқтисоди озод ва соҳибкорӣ, инчунин бо назардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ, ки дар таъмини суботу оромии баргаштнопазири ҷумҳурӣ ифода меёбад, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.Тавре дар аввал гуфтем, мазмуну муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, коршиносони байналмилалӣ ба он баҳои баланд додаанд.Дар таҷрибаи давлатҳо бо назардошти рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ зарурат пеш меояд, ки қонунгузорӣ низ мувофиқан тағйир ёбад. Вақте ки ислоҳоти куллӣ ба вуҷуд меояд, пеш аз ҳама ба худи Конститутсия ҳамчун санади асосии давлат тағйирот ворид карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки ба дастовардҳои беназир ноил гардад.Аввалин маротиба соли 1999 дар натиҷаи муколамаи сиёсӣ зарурат пеш омад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шавад. Агар аз лиҳози шумораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар намоем, нисбат ба дигар конститутсияҳои давлатҳои пасошӯравӣ ва ҳатто давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Конститутсияи мо нисбатан устувор буда, аз ҳама камтар ба он тағйирот ворид шудааст. Дар таҷрибаи дигар давлатҳо баръакс зуд-зуд тағйирот ворид мешавад, вале дар тафовут аз онҳо Конститутсияи мо ду хусусият дорад. Хусусияти чандирӣ ва ҳам устуворӣ. Хусусияти чандирӣ дар он аст, ки бо хусусияти тағйир ёфтани авзои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқии кишвар вобаста ба ҳамон шароит мутобиқ карда шудааст. Дар баробари ин аз ҳама кам ба матни Конститутсияи мо тағйирот ворид шудааст, ки ин боиси баҳои баланд додани коршиносони байналмилалӣ ба устувории Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Соли 1999 дар натиҷаи муколама зарурати сиёсӣ пеш омада буд, ки баъзе ислоҳот дар Конститутсия пешбинӣ карда шаванд. Яке аз дастовардҳое, ки соли 1999 ба Конститутсия ворид шуд, ин пешбинӣ намудани парлумони доимамалкунанда мебошад. То он дам парлумони кишвар шабеҳи парлумони замони Шӯравӣ, яъне даъватӣ буда, ба таври касбӣ вакилон ба ин кор машғул набуданд, ки ин ба сифати кори онҳо таъсири манфӣ дошт. Соли 1999 аввалин маротиба парлумон касбӣ ва аз ду палата иборат гашт. Палатаи поёнӣ — Маҷлиси намояндагон ва палатаи болоӣ — Маҷлиси миллӣ.Хусусияти дигари Маҷлиси миллӣ дар он аст, ки бо принсипи намояндагӣ аз тамоми минтақаҳо таъсис ёфтааст.Дастоварди дигар дар Конститутсияи соли 1999 он аст, ки аввалин маротиба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври мукаммал тасҳеҳ шуда, пурратар пешбинӣ шуданд. То он дам агар ки мо нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд диққати ҷиддӣ намедодем, пас дар ин тағйиру иловаҳо аллакай кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нисбатан мукаммал шуданд. Аз ҷумла, ислоҳоти куллӣ дар низоми судии кишвар пешбинӣ гардид. Ҳамаи ин тағйирот, дар маҷмуъ тавонистанд то як дараҷа мушкилоти дар ҷомеа бавуҷудомадаро ҳал намоянд. Баъд аз он, бо назардошти рушди ҷомеа зарурат пеш омад, ки соли 2003 низ тағйироти навбатӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон ворид карда шаванд. Азбаски ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия устувор гардонида шуда буданд, зарурат пеш омад, ки онҳо ҳамчун арзиши олӣ эътироф гарданд. Дар тағйироти дуюм дар Конститутсия аллакай эълон гардид, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Агар аз лиҳози рушди таърихии эътирофи ҳуқуқии инсон назар афканем, ин дастоварди бузурги башарият аст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кунанд.Бо мақсади таъмини устувории низоми судӣ аввалин маротиба муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол то 10 сол тамдид шуд. Тавре медонем, судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман интихобӣ ва қисман таъинӣ мебошанд, азбаски фаъолияти судягӣ фаъолиятест, ки бевосита ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд алоқаманд аст, зарурат ҷой дошт, то устувории фаъолияти судяҳо низ таъмин гардад.Маҳз ба ин хотир аввалин маротиба пешбинӣ шуд, ки муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол то 10 сол дароз карда шавад. Инчунин, чандин тағйиру иловаҳои дигар вобаста ба вазъи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, вазъи ҳуқуқии Президент, дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Охирин тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид гардид, дар ин самт боз ба пешравиҳои бештар асос гузошт.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои нишона ва хусусиятњое мебошад, ки онҳо барои бунёди давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд.

                                                                                                                      БАҲОДУР  МУҲИДДИНЗОДА.                                                                                                                                                     Раиси Суди ноҳияи Ҷайҳун.