РОҲИ ДУШВОР БАРОИ НОИЛ ШУДАН БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Муҳтарам судяҳо ва хонандагони гироми, таърих гувоҳ аст, ки яке аз ҷангҳои нангин ва зарароварин ин ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бадбахтона бо таъсирасонии бархе аз давлатҳои хориҷи Тоҷикистони мо низ ба чунин ҷанг рубару гардид.

Мехоҳам кутоҳ оиди сабаб ва омилҳои ба миён омадани чунин ҳолат равшани андозам.

Баъди барҳам хурдани иттиҳоди шуровӣ аз санаи 09.09.1991с Тоҷикистон аввалин қадами худро дар роҳи мустақилият гузошт.

Дар Тоҷикистон барои ба даст овардани ҳокимият якчанд иттиҳодияҳо ба миён омаданд, ки аслан онҳо на дар асоси ягонафикри балки вобаста ба минтақа якҷоя шуда буданд. Ба истилоҳ роҳбарони ин иттиҳодияҳо мардумро ба гумроҳи мебурданд, ки маҳз ҳамин омил сабаб гардид, ки шумораи зиёди одамон аслан аз минтақаҳои ғарбии Ҷумҳури дар назди дастгоҳи Президент гирдиҳамои ташкил намуда дар давоми ду ҳафта шумораи онҳо ба 50-60 ҳазор нафар расид. Ин шаҳрвандон талаби ба истеъфо рафтани Раиси Шӯрои олиро мекарданд ва билохира раиси Шӯрои олӣ ба истеъфо рафт.

Вале ин боиси ором гаштани вазъият нашуда баръакс санаи 26-уми апрели соли 1992 тарафдорони ҳукумат дар назди бинои Шӯрои Олӣ гирдиҳамоиро оғоз намуданд.

Ҳамин тариқ мардуми мо ба ду гуруҳи бо ҳам мухолиф ҷудо шуда дар майдонҳои гуногун ҷамъ омадан гирифтанд. Яъне дар майдони шаҳидон аслан сокинони минтақаҳои ноҳияҳои Ғарм, Бадахшон ва масчоҳ ва дар майдони Озоди бошад сокинони минтақаҳои Суғд, Ҳисор ва собиқ вилояти Кулоб.

Бинобар сабабе, ки дар водии Вахш ва вилояти Қурғонтеппа аслан мардуми ҳарду ин минтақа зиндагони мекарданд маҳз дар ноҳияи Вахш аввалин маротиба муборизаи шадиди мусалшлаҳонаи ду гуруҳ ба миён омад. Танҳо дар давоми 6 моҳи чунин ҷанги шаҳрвандӣ тибқи баъзе сарчашмаҳо зиёда аз 20000 одам ҷони худро аз даст доданд.

Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ танҳо дар давоми солҳои 1992-1993 -тақрибан 60000 нафар фавтида аксарияти одамон бе ному нишон нобуд шуданд.

-Зиёда аз 60000 нафар шаҳрвандон ба Афғонистон фирор карда 195000 шаҳрванд ба давлатҳои дигар куч бастанд.

-35723 манзили истиқомати валангор гардид.

— 25000 зан шавҳаронашонро аз даст дода 53000 кудак ятим монданд.

— 61 адад муассисаҳои тиббӣ пурра аз кор бароварда шуда аксари мактабҳо валангор шуданд.

-Маблағи умумии зарари ба Тоҷикистон расонида зиёда аз 10 милиард долларро ташкил дод.

Санаи 10.11.1992с Призидиуми Шӯрои Олӣ ва ҳукумати Тоҷикистон аз ваколатҳои худ даст кашида эълон доштанд, ки дар иҷлосияи оянда ба депутатҳои халқи имконият медиҳанд, ки мустақилона Президиуми Шӯрои Олӣ ва ҳукумати Ҷумҳуриро интихоб намоянд.

Баъди таъсиси ҳукумати нав чораҳои муассире зарур буданд, ки ҷанги шаҳрвандиро хо­тима дода, ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, барқарор кардани сох­ти конститутсионӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоянд. Бо дарки ҳамин зарурати таърихӣ Иҷ­ло­сияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти мамлакат, аз ҷумла интихоби роҳ­ба­ри нави сиёсӣ, хо­тима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи комил баррасӣ шуданд.

Дар Иҷлосия қувваҳои солими сиёсии ҷомеа Эмомалӣ Раҳмонро сарвари давлат интихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш изҳор кард, ки: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқ­бунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем». Сарвари давлат он вақт бо ин суханони худ барномаи сулҳ ва ваҳдати миллии ояндаро эълон дода буд.

Дар ҳамин замина роҳбарияти нави сиёсии мамлакат ягона роҳи дурусти ба сулҳи комили миллӣ расиданро дар гуфтушунидҳо бо мухолифини муттаҳида медид, бинобар ин марҳилаи гуфтушунидҳо оғоз шуданд, ки якчанд давр баргузор гашта, ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» анҷом ёфтанд. Дар аксарияти ин гуфтушунидҳо Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ширкат варзида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаб саҳми арзанда­ву беназири таърихӣ гу­зошт. Дар мавриди имзои Созишномаи мазкур мухолифини мутта­ҳи­даи тоҷик низ ҳусни тафоҳум нишон доданд. Дар натиҷа бо мақсади таҳ­кими ваҳдати миллӣ намояндагони мухолифини муттаҳида дар ҳаҷ­ми сӣ фоиз ба вазифаҳои давлатӣ ҷалб шуданд ва қувваҳои мусаллаҳи он­ҳо ба қувваҳои мусаллаҳи давлатӣ пайвастанд. Ин чораҳои муассир бе­шубҳа, пояҳои ваҳдати миллиро беш аз пеш тақвият бах­ши­данд. Бояд гуфт, ки дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ саҳ­ми соз­мон­ҳои бонуфузи байналмилалӣ–СММ, САҲА, давлатҳои кафил шоистаи таҳсин аст ва мо аз онҳо миннатпазирем.

Баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба манзури расидан ба сатҳи болота­ри рушди иқтисодиёт чан­дин санадҳои ҳуқуқӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд. Аз ҷумла стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуда буд, барои ба эътидол овардани вазъи иқти­со­дию молиявӣ, хамчунин барои амали муассири иқтисоди бозорӣ мусоидати зиёд кард ва ба болоравии сатҳи иқтисодиёти миллӣ заминаи устувор гузошт Дар солҳои охир барои иҷрои мақсадҳои рушди ҳазорсолаи нав чораҳои таъхирнопазири муассир андешида шуда истодаанд.

Ин муваффақиятҳо ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии низоми нави иҷтимоию иқтисодӣ низ вобаста буданд. Чунки дар ҳалли проблемаҳои ҷомеаи мо, аз ҷумла дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ хеле муҳим буд. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷум­ҳуриа­мон бисёр санадҳое қабул шуданд, ки ба таъмини зами­наҳои ҳуқуқии ташаккул ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат карданд.

Ҳанӯз дар Изҳороте, ки дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд (9 сентя­бри соли 1991), Тоҷикистон пайравии худро ба Эъломияи умуми­ҷа­ҳонии ҳуқуқи башар ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибистиқлол эълон намуд ва барои ваҳдати миллӣ роҳи фарох боз кард.

Баъдан 06-уми ноябри соли 1996 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикуистон дар райъпурсии умумихалқи қабул гардида баъди қабули Конститутсия то ба имрӯз қонунҳое таҳия ва қабул гар­ди­данд, ки заминаҳои ҳуқу­қии ваҳдатро тақвият ва таҳким бахшиданд. Ҳамчунин нақши санадҳое, ки дар рафти гуфту­шу­­ниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи Оштии миллӣ қабул шу­данд, хеле муҳим буданд. Аз ҷумла, Созишномаи умумии истиқ­ро­ри сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), Санади ҳам­ди­гар­бахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низо­мӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997, № 485), Қонунҳо дар бораи ҳизб­ҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Консти­тут­си­яи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷикистон соли 1999 ва таъсиси парлумони думаҷлиса-Маҷ­ли­си мил­лӣ ва Маҷлиси намояндагон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият доданд.

Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа дониста дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимил­лӣ сайъу кӯшиши пайваста нишон додан аст.

Мутассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзои ҷомеаамон ба қад­ри зарурӣ мавҷуд набуда, қатъи назар аз он ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, вале онҳо бо сӯистифода аз фазои озоди демократии дар мамлакатамон ба вуҷуд омада, ба амалҳои зидди қонунӣ даст мезананд.

Ҳодиса­ҳои солҳои 2009 дар Тавилдара, 2010 дар шаҳ­ри Хуҷанд, оғози соли 2011 дар минтақаи Рашт ва соли 2012 дар вилояти Бадахшон далели онанд, ки имрӯз ҳам душманони миллати тоҷик дар либоси экстримизму терроризм ва дар шакли ниҳоду ташкилотҳо ва ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ дар байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор карданӣ ҳастанд. Аз ин хотир, дар чунин шароити тақдирсоз мо ҳамагон бояд ба ақлу хирад такя намуда, ҳушёрию зиракии сиёсӣ нишон дода, ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми бадхоҳону душманони халқу кишвар афтодани шаҳрвандони алоҳидаро роҳ надиҳем.

Ба андешаи мо, чанд омил мавҷуд аст, ки Ваҳдати миллиро, ба хусус барои аҳли кишвари мо дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлақ мегардонад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм – хориҷи ва дохили ҷудо намуд.

Ба омили хориҷи метавон ҳодисаҳои охири ҷаҳони имрӯза, бахусус «баҳори араб»-ро шомил сохт. Ба таври умуми метавон зикр намуд, ки заиф будани ваҳдати милли дар ин мамлакатҳо ба абаркудрадҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи аслҳои демократи ба ин мамлакатҳо сар халонанд ва бад ин васила бетартибию бенизомиро дар он минтақа боис гарданд. Бинобар ин, эҷод сохтани чунин шароитро аз тарафи абаркудратҳо дар дигар минтақаи олам набояд истисно намуд. Ба омили хориҷи инчунин муносибати на он қадар дӯстонаи баъзе мамлакатҳои ҳамсоя ва бархе шарикони стратегиро, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари мо ҳар гунна монеаҳои сунъи эҷод месозанд, дохил намуд. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофи  роҳбарияти Ҳукумати ҷумхури зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрванди ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи Ваҳдати милли хоҳад буд.

Омили дигаре, ки метавон ба ин гурӯҳ дохил намуд, ин тақдири талхи мардуми афғон ва то имрӯз кашол ёфтани кашмакашу низоъ дар ин кишвар мебошад. Шахсе, ки худро соҳибақлу соҳибфазл меҳисобад, аз ин ҳодисаҳо сабақи таълимие бардошта, ҳамеша баҳри тақвият бахшидани Ваҳдати милли саъю кушиш менамояд.

Ба омили дохили бошад, аввалан, худи ҷанги шаҳрвандии кишварро метавон дохил намуд, ки зарарҳои моддию маънавии он барои миллати мо ҳамчун бори гарон то ҳол эҳсос мешаванд. Сониян, хурд будани ҷумҳури ва камшумор будани аҳолии он низ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки Ваҳдати миллиро махсус муҳим мегардонанд. Яъне хурд будани ҳудуди кишвар ва камшумор будани аҳолии он худ моҳиятан Ваҳдати миллиро тақозо менамоянд. Ба ҷумлаи омилҳои дохили, инчунин яксон набудани сатҳи рушди шуур ва фарҳанги сиёсии аҳоли низ дохил шуда метавонад. Бояд қайд кард, ки омили мазкурро ба ҷумлаи омилҳои ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст. Зеро масъалае, чун дарки зарурати Ваҳдати милли, аз Ваҳдати милли вобаста будани тақдир ва ояндаи миллат ва амсоли онҳо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамоянд.

Мо, ҳамагон, бояд дарк ва ифтихор аз он дошта бошем, ки бо шоҳидии вақт сараввал асрҳою сипас ҳазорсолаи дуюмро бо чанд фарматсияи ҷамъиятӣ паси сар карда, ба ҳазорсолаи сеюм бо умеду орзуҳо ва нақшаҳою барномаҳои нав ва созанда ворид шудем. Мо, ки дар фазои истиқлолияти давлатӣ зиндагӣ дорем, бо тамоми вуҷудамон бояд масъулият эҳсос намоем ва ифтихор дошта бошем, ки соҳиби Ватан ҳастем. Ин бахт ба ҳар миллат ва халқ муяссар намешавад. Ҳамчун соҳибватан ба ҳифзи он, сарбаландӣ, обрӯю эътибор ва ободию зебогии он кӯшиш кунем ва шоистаю сазовори номи тоҷикистонӣ буданро дошта бошем! Ин маъсулият ва қарзи шаҳрвандӣ ва ватандории ҳар яки мо дар назди наслҳои имрӯз ва фардо хоҳад буд!

Шубҳае нест, ки бо гузашти айём наслҳои оянда аз фаъолияти шоёни ҳамагон дар таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ чун беназиртарин дастовард ва саҳми арзанда дар тақвияту густариши арзишҳои миллӣ, эҷоди таҳаммулпазирию ҳамраъйӣ дар ҳаёти рӯзмарраашон баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон ва ояндаи неки шаҳрвандони кишвари азизамон равона гардидаанд, ифтихор хоҳанд кард.

Дар амалишавии ин ва дигар нақшаву ниятҳои нек ба Шумоён судяҳои муҳтарам  комёбиҳои бемисл орзумандам.

Ташаккур ба диққататон.

Раиси суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон: Нурализода Сафар Маҷид