Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат

Фаъолияти дучанд баҳри амалисозии ҳадафҳои дар Паём баёнгардида

Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани нуфузи Ватани маҳбубамон аҳамияти ниҳоят баланди амалӣ доранд. Ҳамин аст, ки Паёмҳои ҳарсола барои муайян намудани самтҳои рушди Ҷумҳурӣ нақши муассир доранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тавассути пешниҳоди Паём камбудию муваффақият муайян карда шуда, чораҳои мушаххаси бартараф намудани онҳо нишон дода мешаванд. Паём барномаи илман асосноки тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҶагии халқ барои як сол мебошад.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо таъкид кардан зарур аст, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 16 декабри соли равон пешниҳод гардид, барои тамоми аҳли Ҷомеа, аниқтараш барои ҳар як шаҳрванди солимфикри кишвар дастури муҳиммест, ки аз бандҳои алоҳидаи он метавон давоми як соли пурра самтҳои фаъолияти корӣ ва ҳам рӯзгори худро муайяну мушаххас сохт. Ба гунаи дигар, агар дурусттар ба моҳият ва мантиқи Паёми Пешвои миллат аҳаммият диҳем, тавре гуфтем, дар он роҳи ҳалли тамоми мушкилоти на фақат Ҷамъият, балки ҳар як фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст.

Ин навбат низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, фарогири Ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар буд. Он, дар баробари таъини самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҶӣ моро бо якчанд масъалаҳои муҳими Ҷаҳонбинию Ҷаҳонфаҳмӣ ва ҳувиятию тафаккури созанда, аз Ҷумла масъалаи худогоҳии миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ шинос намуд. Яъне, фалсафаи таърихи муосири Тоҷикистонро метавон таърихи созандагию бунёдкорӣ номид. Дар саргаҳи ин эҳёи навини миллии мо ибтикорот ва созандагию бунёдкории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Роҳбари давлат аз рӯзҳои аввал маҳз дар бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан Ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим доранд. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».

Дарвоқеъ, Ҷавонони мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ дар ин солҳо файзёб гардида, руҳияи таҳаммулу гуногунандеширо дар ниҳоду зеҳнияти худ парвариш додаанд.

Масъалаи бисёр муҳиме, ки дар замони истиқлоли давлатӣ ба таври назаррас ҳамагонӣ шуд ва эътимоди миллии моро ба сатҳи тамаддуни Ҷаҳонӣ ҳамоҳанг намуд, ин баланд бардоштани мақоми занону духтарон мебошад. Аввалан, занҳо пурра ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд ва баъдан, дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши Ҷомеа қарор гирифта, ҳувияти сохтаю бофтаи идеологҳоро ба боди фано супориданд.

Дар ин раванд пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2026 ба ифтихори Ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон карда шавад, саривақтӣ аст. Эҳё ва тақвият бахшидани ин тамоюл ба раванди фарогир дар сатҳи миллию байналмилалӣ рисолати ҳар шаҳрванди солимфикри Ҷомеа ҳисоб меёбад.

Пешвои миллат дар ин Паёмашон таъкид карданд, ки «бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем. Мероси таърихиву фарҳангии гузаштагони мо шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҶик мебошад… мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҶдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона дар асрҳои 8-7 пеш аз милод шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ ба дурустӣ баён доштанд, ки ҳамаи дастовардҳо натиҶаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошанд. Бинобар ин давоми панҶ соли охир тамоми қишрҳои Ҷомеа барои сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ сарҶамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҶом дода истодаанд (26 ҳазор иншоот бунёд шудааст, ки аксар аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон аст). То рӯзҳои Ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави Ҷумҳуриро фаро гирад. Ҳар фарди Ҷомеа бояд барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азиз кори неке анҶом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҶикро нишон диҳад. Мардуми Тоҷикистон қудрату имконияти азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нисбат ба паёмҳои солҳои гузашта бештар ба масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, тамоюли рушди Ҷумҳурӣ аз мамлакати амниятмеҳвар ба давлати иқтисодмеҳвар тавҷеҳ дода шуд. Асосу бунёди ин давлатро рифоҳу осудагии мардум ва ҳар сокини бонангу номуси Ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Таҳлилу баррасии ин ва дигар масъалаҳои зарурӣ дар Паёми навбатии Роҳбари давлат, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар ин Паём дода шуданд, умед аст, ки бо амалӣ шуданашон дар ҳамаи соҳаҳои хоҶагии халқ дастовардҳои азим ба вуқӯъ меоянд. Аз ин лиҳоз, омили мазкур ҳар як шахси худогоҳу худшиноси мамлакатро водор месозад, ки барои амалисозии ҳадафҳои дар Паёми Пешвои миллат баёнгардида дучанд фаъолият намуда, бо дарки амиқи қарзи шаҳрвандии худ Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократиамон саҳмгузор бошад.

 

Нурализода Сафар Маҷид,

раиси Суди ноҳияи Ҷайҳун