Қонун — роҳнамои зиндагии мо

        Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ эътибори баланд дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи он, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия, ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд бо ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.«Ҳадафи сиёсати мо барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд буда, дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», — баён намудаанд Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон.Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли давлатӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 ба вуқӯъ пайваст.Акнун бо дигаргуниҳои ҷомеа дар Конститутсияи қабулгардида низ тағйироту иловаҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта, сабаби ворид намудани тағйиру иловаҳои мазкур таќозои замон мебошад.Конститутсия шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохт ва сохтори давлатдорӣ нишон дода шуда, асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян гардидааст. Он ҳамеша қонуни асосии давлат буда, тамоми дигар дар заминаи он таҳияву рӯйи кор меоянд.

Бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли Тољҷикистон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.Бояд гуфт, ки Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсияи давраи нав замина гузошт. Дар натиҷа, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсия тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксари мардум пазируфта шуда, ин санаи таърихӣ дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат буда, ҳуҷҷати муътабару муътамади ҳар як миллату давлат мебошад. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, орзуву омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои пойдории сулҳу ваҳдати миллии мардуми тоҷик нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори конститутсияҳои дигар давлатҳо яке аз беҳтаринҳо дониста шудааст.Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.Ба таври хулоса гуфтан зарур аст, ки Конститутсияи кишварамон дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардида, вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки нисбати ин мукаддасоти миллат эҳтиром дошта, онро пос нигоҳ дорад!

                                                                                                                   Котиби суди ноҳияи Ҷайҳун                                                                                                                                                     Абюзода Бекназар Маҳмадназар.