Асоси ҷомеаи демократӣ сатҳи баланди маърифатнокии шаҳрвандон аст!
Дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар будааст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи онҳо бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд боло бурд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол давлатест, ки шоҳсутунҳояш бо қонун барафрохта шудаву дар он ҳамаи мақомоти давлатӣ, ашхоси соҳибмансаб, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо қонунҳоро риоя ва иҷро менамоянд.
Сарчашмаи асосии ин қонунҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он тамоми масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифтааст. Дар нахустин сатрҳои ин Конститутсия аз Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ ёдоварӣ карда мешавад. Аз ин бармеояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарбияи ҳуқуқии шаҳвандон дар меҳвари назари давлат қарор дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз 28 декабри соли 2023 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуда буданд, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар ташаккул додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хеле муҳим мебошад.
Воқеан ҳам, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа заминаи дарки дурусти қонунҳо ва таъмини волоияти онҳо хоҳад буд. Бо ин мақсад дар мамлакат як қатор санадҳои ҳуқуқӣ, аз қабили фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 апрели соли 1997, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997 ва чандеи дигар қабул ва амалӣ карда шуда, айни ҳол «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ гардидааст, мавриди амал қарор дорад.
Агар ба мафҳуми ибораи маърифати ҳуқуқӣ амиқтар назар кунем, мебинем, ки он тасаввурот, ҷаҳонбинӣ, дониши шахс дар бораи ҳуқуқ ва қонун, инчунин рафтори ҳуқуқии шахс мебошад. Яъне, маърифати ҳуқуқӣ аз дарк намудани ҳуқуқҳои худи инсон ва вазифаҳои ў дар назди ҷомеа оғоз меёбад.
Дар тақвияти андешаҳои боло гуфтан ҷоиз аст, ки «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамояд. Ин аст, ки маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандон имкон медиҳад, ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ самаранок истифода намуда, уҳдадориҳояшонро бо салоҳияти баланд иҷро намоянд, ҳуқуқу озодиҳояшонро бо тарзу усулҳои қонунӣ ҳифз кунанд, арзишҳои демократиро дарк намуда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат кунанд ва ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо оштинопазир бошанд.
Яъне, танҳо тавассути маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта ва пурқувватро бунёд намудан мумкин аст. Ба тарзи дигар, маърифати ҳуқуқӣ метавонад заминаи бунёдии ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта ва дар ниҳоят давлати ҳуқуқбунёд гардад. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чунин гуфтаанд: «Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро тавассути таълими ҳуқуқӣ, иттилоотонии ҳуқуқӣ, машваратдиҳии ҳуқуқӣ ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ баланд бардоштан мумкин аст. Таълими ҳуқуқии шаҳрвандон ташаккули фаҳмиши ҳуқуқӣ бо роҳи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ мебошад, ки аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ оғоз гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва олии касбӣ идома меёбад.
Иттилоотонии ҳуқуқӣ бошад, бо роҳи нашр намудани мақола ё дигар маълумотҳои ҳуқуқӣ дар нашрияҳо, сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ва ташкил намудани барномаҳои телевизиониву радиоӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар маҷмуъ, тарзу усулҳои зикргардида метавонад баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон истифода гардида, дар рушди ҷомеаи шаҳрвандии кишвар нақши арзанда гузорад. Дар ин росто қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони муосир яке мушкилоти асосии ҷомеа зуҳуроти хавфноки коррупсия мебошад ва маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад ба паст намудани сатҳи амалҳои коррупсионӣ низ таъсири калон расонад. Чунки шаҳрвандон ҳуқуқу манфиатҳои худро дарк карда, баробари дучор омадан бо ҳолатҳои коррупсионӣ метавонанд ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд ва ё ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат кунанд.
Дарвоқеъ, баланд будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз чанд ҷиҳат барои давлату миллат манфиатовар аст. Аз ҷумла, ин гуна ҳолат аввалан боис ба таъмин гардидани волоияти қонун дар ҷомеа гардида, арзишҳои демократӣ дар сатҳи зарурӣ ҳифзи карда мешавад. Гузашта аз ин, шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ва тартиби амалисозиву ҳифзи онҳо ба таври пурра бохабар гардида, масъулияташон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда баландтар мешавад, ҳамчунин фаъолияти шаҳрвандон дар раванди пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву мадании ҷомеа беҳтар мегардад.
Дигар омил, ҳисси оштинопазирии шаҳрвандон ба ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткориҳо боло рафта, мафкураи зиддикоррупсиониашон инкишоф меёбад ва робитаи онҳо бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати ошкор намудани ин навъи қонуншиканиҳо бештар мегардад.
Нурализода Сафар Маҷид,
раиси Суди н. Ҷайҳун