КОНСТИТУТСИЯ — баёнгари соҳибдавлатӣ

Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимгару роҳбалади пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт дар ҷомеаи имрӯзаи мо буда, дар рушди устувору инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият нақши муҳим дорад. Имсол аз қабул гардидани ин санади сарнавишсоз 29 сол пур мешавад. Ҳамагон хуб огоњанд, ки ин санади олии ҳуқуқӣ 6-уми ноябри соли 1994, дар шароити хеле вазнини ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷқтисодӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ кабул гардид. Ҳамаи он тағйироту иловаҳое, ки то ба ин рӯз ба Конститутсия ворид карда шудаанд, аз марҳилаи навбатии пешрафту тараққиёти ҷомеаи имрӯзаи мо гувоҳӣ медиҳанд.Баҳри боз ҳам беҳтару хубтар гардидани зиндагии мардум Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи бештар сатҳи зиндагии аҳли ҷомеаи мо баланд гардад.Муҳимтар аз ин ҳама Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон дод, ки давлати ҷавони мо дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дунёи мутамаддин ворид гардад ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф карда шавад.Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. Қонуни асосӣ доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбу иттиҳодия ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард. Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад.Конститутсияи Тоҷикистон паёми рӯҳи бе шикасту озодипарасти миллати тоҷик ба мардумони дунёст, ки аз соҳибдавлатию соҳибистиқлолии давлати мо бозгӯӣ мекунад.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи ормону ниятҳои ниёгон ва дастуру кори зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст.Аз рукнҳои муҳими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ принсипи конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ мебошад. Тибқи Конститутсия, дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ аз хусусияти демократии давлат ва озодии шахс бармеояд.Имрӯз он тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид карда шудаанд, меъёрҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҷомеаи моро мукаммал гардонидаанд. Дар ҳама кишварҳои шакли ҳозира Конститутсия қонуни асосии давлат, муайянкунандаи асосҳои ташкил ва фаъолияти хокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ ва муносибату ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад.Конститутсия, ҳамчунин нигоҳдорандаи тартиботи ҳуқуқӣ, муҳимтарин омили кафолатдиҳандаи сулҳу осоиши сокинони мамлакат буда, бунёди давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон ба ҳамин заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ такя мекунад.Конститутсия тавонист ифодагари манфиатњои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.Дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони Истиқлол нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон мебошад.

 

                                                                                                             Хаткашони суди ноҳияи Ҷайҳун                                                                                                                                                 Юсупов Султон Шарофидинович.