Баромади Раиси суди ноиҳияи Ҷайҳун,бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият ва ташаккули

         ҳуқуқи    инсон.

 

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсонро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор дода, онҳоро ба дараҷаи олӣ эътироф ва дар Конститутсия ворид намуд. Дар қонуни асосии мамлакат ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста шуда, дарҷ гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Инак 32 сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ пеш меравад ва дар ин муддат дар ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. 32 сол пеш, дар ин рӯзи таърихӣ, яъне  9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохтанд, ки ин рӯз барои халқи тоҷик таърихиву фаромӯшнопазир мебошад. Санаи муҳими таърихи миллати тоҷик ба ҳисоб рафтани 9 сентябр гувоҳи он аст, ки орзуву ормонҳои чандинасраи ин миллат ниҳоят баъди ҳазорсолаҳо аз нав чҷомаи амал пўшид ва он аз нав соҳибдавлат шуд. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва расидан ба Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи рӯййдодҳои муҳими таърихи навини халқи тоҷик ҳисоб меёбад. Ин се арзиши муҳими миллӣ ва сарнавиштсоз имкон доданд, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбанд.

Дар 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат маданияти сиёсии шаҳрвандон боло рафта, онҳо бо истифода аз ҳуқуқ ва уҳдадории худ дар чорабинии муҳими сиёсӣ — интихоботи президентӣ, парлумонӣ ва раъйпурсиҳои умумихалқӣ фаъолона иштирок намуданд.  Бояд гуфт, ки дар ин солҳо принсипҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, пайравӣ ба меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ин соҳа ташаккул ёфтанд.Пас аз пазируфта шудани давлати ҷавони Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аксари санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида шуданд.

Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҷоҷир ва аъзои оилаи онҳо ва ғайраро метавон мисоли равшани ин гуфтаҳо номид.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари сулҳпарвару ғамхори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони маъюб диққати махсус зоҳир намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои ин қишри ҷомеаро арзишманд номид ва барои онҳо тамоми шароитро фароҳам овард. Мисоли ин гуфтаҳо он аст, ки моҳи марти соли 2018 Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам ҷонибдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт. Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017-ум 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии конвенсия мебошанд. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.

Ғайр аз ин, «давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбор, муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, манзил, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад».

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар даврони Истиқлолият, дар баробари ташкили асосҳои қонунгузорӣ, инчунин механизми муайяни мақомоти давлатӣ таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо ба ин ё он васила ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд аст.

Таъсис додани Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки раванди риоя, ҳифз, ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар ин самт ҷоннок намуд.

 

                                                                Муҳиддинзода  Баҳодур  Бобохон,

                                                                  раиси Суди  ноҳия  Ҷайҳун.