Ҳампарвоз дар фазои Ватан
Мардуми Тоҷикистон яке аз санаҳои таърихӣ — Иди Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ваҳдат ба тоҷикон оромию осоиштагӣ ва муҳимтар аз ҳама дар қалби онҳо умед ба ояндаи некро ба вуҷуд овард. Маҳз бо шарофати дастфишорӣ ва дасти ҳам гирифтани ҷонибҳои мухолиф имконият пайдо шуд, ки вазъи ҷомеа муътадил шавад. Ин ҳолат ба пешрафти тамоми бахшҳои хоҷагии халқи кишвар мусоидат намуда, боиси беҳбудии шароити зиндагии мардум гардид. Ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми тоҷик, ҳамзамон боиси он шуд, ки шаъну эътибор ва мақому манзалати ҷумҳурии дар он давра тоза истиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боло равад. Маҳз ҳунари сулҳофарии миллати тоҷик то кунун мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Бошарофати имзошавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, қувваҳои гуногуни сиёсӣ ба ҳамомаданд. Пояҳои давлатдорӣ ва Истиқлолияти давлати тоҷикон таҳкимёфта, миллати сарбаланди мо бо имони комил ва иродаи матин таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати навин оғоз кард. Воқеан, ин санади сарнавиштсоз аз хиради баланди мардуми тоҷик дарак дода, хавфи пароканда шудани Ватанамонро аз байнбурд. Сањми роҳбарияти давлат, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба оштии миллӣ беназир аст. Сарвари давлат ин рӯзро ҳамчун санаи муборак ва тақдирсоз дониста, борҳо дар суханрониҳояшон изҳор намудаанд, ки «Халқи тоҷик аз азал соҳибиандеша ва ҳуввияти баланди миливу эҳсоси ватан парастӣ буда, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳан бунёди мо мебошад».
Доир ба аҳамият ва нақши муҳими Созишномаи умумии истиқрори сулҳи тоҷикон, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи нодир маҳсуб меёбад, муҳаққиқону муфассирон андешаҳои зиёд гуфтаанд, роҳбарони давлату созмонҳои бо нуфузи байналмиллалӣ онро тавсиф кардаанд.
Боиси хурсандист, ки дар қатори намояндагони касбу кори гуногун хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан кормандони ҳокимияти судӣ низ дар расидан ба ин рӯйдоди таърихӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ин роҳи ҳақ бисёре аз намояндагони мақомоти мазкур ҷони худро фидо намуданд, ки хотираи неки онҳо дар қалбҳои мо абадан боқӣ мемонад.
27 июни соли 1997, баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоият имиллӣ ормони чандин солаи миллати тоҷик ба воқеият мубаддал гардид. Метавон аҳамияти Созишномаии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷиконро баробар ба Эъломияи Истиқлолияти ҷумҳурӣ донист. Агар яке барои миллати мо озодиву мустақилӣ оварда бошад, дигаре дар сарзамини аҷдоди амон сулҳу суботро пойдор сохт. Яъне ин ду мафҳум ду боли ҳам парвоз дар фазои озоду ободи Ватан мебошанд.
Мавриди зикраст, ки ин санаи хотирмон дар таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заринн сабт гардидааст. Ин рӯзест, ки хуршеди тобони сулҳ саросари Ватани аҷдодии моро мунаввар кард. Гармии нури Ваҳдат таскинбахши қалбҳои мо гардиду зиндагии ҳар шаҳрванди ҷумҳурии азизамонро меҳр бахшид. Мардуми тоҷик имрӯз хуб дарк намудааст, ки тинҷию оромӣ бо чӣ қадар ҷонбозиҳо ба даст омад. Ҳар пешравие, ки имрӯз баназар мерасад, метавон сарчашмаи онро Ваҳдати миллӣ донист, ки баъди чанд рӯз ҷомеаи Тоҷикистон 26-солагии онро таҷлил менамояд.
Иди Ваҳдати миллӣ ва ба ҳамоиву ҳамдигарфаҳмии миллати тоҷик дар қатори ҷашну маросимҳои дигари миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Ваҳдат буд, ки мардумро сарҷамъ карду миллату давлати моро аз парокандагӣ нигоҳ дошт. Имрӯз насими форами сулҳу дӯстӣ дари кошонаҳои моро мекӯбад. Он бо фарорасии худ боз мардуми тоҷикро ба ҳаммеораду дар фазои ҳамдигарфаҳмию озодӣ мо аз он таљлил менамоем.
Ҳаёти имрӯза ба хубӣ нишон медиҳад, ки истиқрори сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии халқ ва фарзандони содиқи миллат ба даст омад.
Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Аз ин лиҳоз, бигзор Ваҳдати имсола барои мардуми тоҷик оғози корҳои нек гардаду фазои сулҳу дӯстӣ дар сарзамини мо ҷовидона шавад.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон,
раиси Суди н. Ҷайҳун.