Баромади Раиси суди ноҳияи Ҷайҳун Нурализода Сафар Маҷид бахшида ба сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳозирини гиромӣ, қаблан паёму дуруди худро ба Шумо иброз медорам. Пас аз як рӯз ба қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ 30 сол пур мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи сиёсати «бозсозӣ» ва омилҳои дигар давлати абарқудрати Шӯравӣ таназзул кард ва понздаҳ ҷумҳуриҳои тобеъи он, аз ҷумла Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти комил ба даст оварда узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ –Созмони Миллали Муттаҳид гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки зери таъсири «Бозсозӣ» ва рӯи кор омадани падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, нишонаҳои демократия, муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон дигаргун шуд. Бо назардошти вазъи баамаломада зарурияти дигаргун кардан ва ба талаботи замон мутобиқ сохтани қонунгузории ҷории кишвар, аз ҷумла Конститутсияи он ба миён омад. Зеро Конститутсияи онвақтаи кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти сиёсати замони Шӯравӣ, аз ҷумла сиёсати яккаҳизбиву банақшагирии самтҳои мухталифи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии онвақта таҳияву қабул шуда буданд ва акнун бо дигаргуниҳои солҳои даврони истиқлол созгор буда наметавонистанд. Барои ҳамқадаму ҳамрадиф будани ҷумҳурӣ бо мамолики мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин, бо мақсади дар ҷомеа рушду равнақ бахшидан ба равандҳои демократӣ, ба мисли ҳуқуқбунёдиву дунявӣ, ба халқ тааллуқ доштани ҳокимият ва ба шохаҳо таҷзия гаштани он, гуногунадешии сиёсӣ, арзишҳои олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин гуногуншаклии моликият, аз ҷумла рушди иқтисоди бозаргонӣ ва соҳибкорӣ, эътироф намудан ва ба таври озод амал намудани моликияти хусусӣ бояд иқдомҳои амиқу босамар анҷом дода шаванд. Ҳамчунин як нуқтаи муҳимро мехоҳам ёдовар шавам.
Ҳанӯз дар баромади аввалини худ ба сифати Сарвари давлат аз минбар дар Иҷлосияи 16-ми Шӯрои Олии дар шаҳри Хуҷанд Ҷаноби Оли мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари бисёр масоили мубрами онвақта, дар иртибот ба се масъалаи асосӣ ибрози назар карданд: Аввал — ҳамаи гурезагон бояд ба Ватан баргардонида шаванд. Дуюм — оташи ҷанг хомӯш ва сулҳу салоҳ дар ҷумҳурӣ барқарор карда шавад. Сеюм – ояндаи Тоҷикистонро ман ҳамчу давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дидан мехоҳам.
Барои ноил гаштан ба чунин ҳадаф ва мақсаду мароми олӣ зарурияти тағйир додани асноди танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Конститутсияи кишвар ба миён омад, зеро бидуни дигар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии онвақта, аз ҷумла бо роҳи такмили қонунҳои нави дархӯри манофеи онвақтаи ҷомеа, ҳамроҳ шудан ва эътироф намудани санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, пеш аз ҳама он санадҳое ки ба арзишҳои эътирофгаштаи умумибашарӣ сахт иртибот доранд, номумкин буд.
Бо дарки ин масъулияти бузург ҷиҳати омода намудани лоиҳаи нави Конститутсияи кишвар бо роҳбарии сарвари давлат, Президенти феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ ва ҳамчунин таҳти сарпарастии ин комиссия аз ҷумлаи мутахасисони эътирофгардидаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, хоса аз ҷумлаи ҳуқуқшиносони варзида гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ва дар назди ин гурӯҳи корӣ бо назардошти вазъи онрӯзаи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар омода намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа гузошта шуд.
Бо назардошти чунин муқаддасоту муҳимият гурӯҳи корӣ лоиҳаи нави Конститутсияро омода намуд ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд. Ин санади муқаддас ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он фаъолона ширкат варзид ва таклифу дархостҳои муфид низ пешниҳод намуд.
Бо назардошти таклифу дархости мардум ва фикру мулоҳизоти мутахассисону донишмандон, пеш аз ҳама дастуру тавсияҳои пурарзиши Сарвари давлат лоиҳаи нави Конститутсияи кишвар 6-ноябри соли 1994 барои қабул ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ва ин санади тақдирсозу ҳаётан муҳим бори аввал дар ҳаёти мардуми тоҷик бо тариқи демократӣ, яъне бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар ин рӯз аз тарафи мардум қабул гардид.
Қайд намудан бамаврид аст, ки омилҳои асосие, ки барои қабули ин санади асосии кишвар боис гаштанд, дар боби аввали он ҷой дода шуданд. Аз ҷумла тибқи моддаи якуми он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ва мувофиқи моддаи шашуми он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шуд.
Чи тавре, ки дар боло зикр гардид, дар мавриди он ки дар замони Шӯравӣ қувва ё ядрои пешбарандаи ҷомеа ин ҳизби коммунистӣ буд ва он танҳо амал менамуд, арзи вуҷуд намудани ҳизбҳои дигарро Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва конститутсияҳои ҷумҳуриҳои он манъ менамуд.
Ҳаёти сиёсии даврони истиқлол маҳз ҳаминро талаб менамуд, ки яккаҳизбӣ аз байн бурда шавад ва дар кишвар гуногунҳизбӣ, ки хоси ҷомеаи демократист, арзи вуҷуд намояд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳафт ҳизби сиёсӣ ва теъдоди зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд ва барои пешрафти ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо мебошад. Ва мувофиқи моддаи нӯҳуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ таҷзия шудааст.
Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.
Дар он солҳое, ки Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрони сахти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт қабули чунин як санади асосӣ бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар дар баробари дигар омилҳо нақши ҳалкунанда бозид.
Ба хусус қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, дар он ҷой додани принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла арзишҳои олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, принсипҳои гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, ва ғайра меъёрҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир барои аз тарафи мамолики мутараққию ҷомеаи мутамаддин, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардидани Тоҷикистон, барқарор кардани равобити сиёсию иқтисодӣ бо онҳо нақши муҳим бозид.
Бояд қайд намуд, ки бо эҳтирому эътиқод ба иқдоми мутазаккира ҷомеаи мутамаддин барои аз вазъияти баамломада бурун кашидани Тоҷикистон ҷиддан саъй кардан ва яке аз сабабҳои ба зуди аз байн бурдани бӯҳрон ва истиқрори сулҳ дар кишвар дар пайи азму талошҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин дастгири давлатҳои пешрафт ва ташкилотҳои байналмилалӣ буд.
Ҳамчунин меъёрҳои он ба дили мардум, як шӯълаи умеду бовариро ба фардои рушди устувори кишвар афрӯхт, зеро мардуми аз ҷангу ҷидол хасташуда дигар ба риояи қонунҳо ва ҳатто Конститутсия боварӣ надоштанд. Чунки дар пеши назари мардум дар Парламенти ҳамонвақта борҳо ба Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо дохил намуда, сарварони ҳамонвақтаи кишварро аз вазифа барканор намуданд.
Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тибқи боби даҳуми он танҳо бо роҳи раъйи халқи Тоҷикистон сурат мегирад ва ягон ҳизби сиёсӣ, гурӯҳи одамон бо роҳи зӯрӣ ва ё фишор наметавонанд ба он тағйиру илова ворид намоянд ва ҳадафи ғаразноки худро амалӣ созанд.
Аз ин рӯ, ин санад барои мардуми мо – санади тақдирсоз аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон онро азизу муқаддас меҳисобад. Ва умед аст, ки он бардавому поянда барои Тоҷикистону тоҷикистониён хидмат мекунад ва дар навбати худ халқи шарифи Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гаштани ин орзуи нек саҳмгузор хоҳанд буд.
Хотирнишон месозам, ки эҳтиром ба Конститутсия ва қонун — эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад.
Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кӯшиши худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсия самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги кишвар саломативу сарбаландӣ ва пирӯзиву хонаободӣ орзу менамоям.
Ташаккур ба диққататон!