Баромади пристави судии суди ноиҳияи Ҷайҳун,бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

               Марҳилаҳои рушди ҳокимияти судӣ дар замони соҳибистиқлолӣ.

Гузашти сиву ду сол шоҳид аст, ки Тоҷикистон дар шароити хеле душвору ҳассос Истиқлолияти худро ба даст овард. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда, вақте ки тамоми ҷумҳуриҳои бародарӣ баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба тақсими мероси он шурӯъ карда буданд, осмони кишвари моро фазои тираву тори нобасомониҳои дохилӣ фаро гирифта буд. Мо ба кашмакашҳои дохилии худ дода шудем. Ноамнии ҷомеае, ки бо ҳукми тақдир Истиқлолият ба даст оварда буду акнун бояд дар ҷодаи соҳибихтиёрӣ нахустин қадамҳои хешро мегузошт, боис гардид, ки беҳтарин мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки намояндагони халқҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз ҷумла тоҷикон буданд, тарки ҷумҳурӣ намоянд. Илова бар он, Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Идомаи низоъи байнихудӣ хатари нобудии миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавонро ба миён овард. Хушбахтона, хиради азалии сулҳофарии миллати бостонии тоҷик ғалаба карду зимоми идораи кишвари ҷангзадаро шахсиятҳои воқеан ҳам ватандӯсту дилсӯз ба даст гирифтанд. Халқ пешвои худ Эмомалӣ Раҳмонро интихоб кард. Таҳти сарпарастии ин марди дорои хиради воло ва бохабар аз вазъияти ҳассоси кишвар мардум хиштҳои аввали бунёди ҷомеаи навро, ки орӣ аз ҳар гуна кинаву душманӣ бошад, гузоштанд. Марҳила ба марҳила миллати тоҷик бо Роҳбари дурандешу қавииродаи хеш ба сулҳи деринтизор расиданд. Ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 орзуву омоли мардум ҷомаи амал пӯшид ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ва ҳамин тавр Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар солҳои муқовиматҳои дохилӣ тамоми зербинои иқтисодиёти худро аз даст дода буд, аз сифр ба эъмори љомеаи навин оғоз кард. Ба роҳбарият ва мардуми кишвар лозим омад, ки тамоми соҳаҳои хоҳагии мамлакатро аз нав эҳё кунанд.

Дар ин замина тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эљод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд.

Дар қадамҳои баъдӣ мо тамоми талошро ба харҷ додем, ки сохтори мукаммали идоракунӣ, Ҳукумати муосир, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худро тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд намоем. Шахсоне, ки ин роҳи таърихиро тай кардаанд, хуб дар ёд доранд, ки эҳё ва барқарор кардани ҳар як рукни давлатдорӣ ва ҳар як сохтори фалаљшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ чӣ заҳмати бузургеро талаб мекард».

Дар солҳои минбаъда барои бартарафсозии оқибатҳои ҷанги дохилӣ фазои мӯътадили сиёсӣ зарур буд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан ҳокимияти судӣ ҳамчун фаъолтарин сохтори давлатӣ тавонист дар лаҳзаҳои барои миллату давлати ҷавон сарнавиштсоз қомати худро рост намояду баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва оромиву субот дар ҷомеа камар бибандад.

Сол то сол нақши мақомоти судӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ чашмрастар мегардад ва тавре шаҳрвандони кишвар огоҳ ҳастанд, имрӯз низ ҳокимияти судӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки беҳтарини онҳо дар ин сиву ду сол сулҳ ва оромиву осоиштагӣ мебошад, саҳми намоён дорад. Кормандони мақомоти судӣ дар лаҳзаҳои барои халқу давлати тоҷик тақдирсоз баҳри ҳимоя ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар минтақаҳои гуногуни кишвар саҳмгузориҳо кардаанд.

Имрӯз вақте боифтихор дар бораи пешрафти ин ва ё он соҳа, аз ҷумла мақомоти судӣ ҳарф мезанем, набояд фаромӯш созем, ки ҳамаи ин рушду нумӯъ ба замони соҳибистиқлолӣ марбут аст. Тавре қайд намудем, миллату давлати тоҷик бунёди тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакатро аз сифр оғоз кард ва бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки комёбиҳои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла мақомоти судӣ низ маҳз дар давраи Истиқлолият ба даст омаданд.

Истиқлолият дар таърихи ҳокимияти судии мамлакат саҳифаи нав кушод. Истиқлолият имкон дод, ки миллати тамаддунофари тоҷик самтҳои гуногуни хоҷагии халқи худро тараққӣ диҳад. Баробари мустақил шудан, Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озодро пеш гирифт. Дар чунин сохти давлатдорӣ мақому манзалати шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар ҷойи аввал меистад. Аз ин лиҳоз, барои ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ мустақилу беғараз будани мақомоти судӣ нақши асосиро мебозад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардаанд, ки: «Дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бузург мебошад».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро эътироф менамояд. Мардуми ҷумҳурӣ бо роҳи иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати қабули Қонуни асосии мамлакат, сарнавишти минбаъдаашонро худ интихоб карданд. Ва бо гузашти чандин сол аз ин рӯйдоди фараҳбахш, имрӯз чун рӯз аён аст, ки интихоби миллати бофарҳанги тоҷик дурусту саривақтӣ буд.

Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон сол то сол инкишоф ёфтаву мустаҳкам мегардад. Ба таҳкимёбии он, тайи солҳои охир қабул гардидани як қатор санаду қонунҳо — кодексҳои мурофиавии гражданӣ, судии иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намуданд.

Дар солҳои мустақилӣ таваҷҷуҳи бештари роҳбарияти  Ҳукумати мамлакат ба масъалаи мактабу маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои илмомӯзӣ, аз худ кардани донишҳои муосир, аз ҷумла таҷҳизоти компютерӣ равона карда шуд. Албатта, ин бесабаб нест. Зеро дар ҷаҳони мутамаддин асоси пешрафти дилхоҳ ҷомеаро мутахассисон муайян месозанд. Заминаи тайёр кардани кадрҳои ҷавону болаёқат ва забондон бошад, аз мактаб оғоз меёбад. Аз ин рӯ, дар доираи Барномаи компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таълимгоҳҳои кишвар бо компютеру тачҳизоти техникӣ таъмин гардиданд. То кадом андоза зарурат доштани масъалаи компютеркунонӣ ва забондонии ҷавонон дар тамоми Паёмҳои Сардори давлат ба Маҷлиси Олӣ тазаккур дода мешаванд.

Ҳамаи ин ҷаҳду талошҳо баҳри он аст, ки дар дохили кишвар мо тавонем кадрҳои баландихтисосро омода карда, барои кор ба самтҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат равона созем. Зеро ин талаби замон аст. Амалисозии раванди мазкур имкон медиҳад, ки мустақилияти тамоми зинаҳо ҳифз гардида, бо ин роҳ Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро дар ватанамон — Тоҷикистони азиз, таҳким бахшем.

Имрӯз мардуми тоҷик барои таҷлил аз 32-юмин солгарди Истиқлолият омодагӣ мебинад. Бо мақсади тозаю озода намудани кӯчаю роҳрав, пеш аз ҳама манзили зисту ҷойи кор дар тамоми маҳаллаву муассисаҳо пайваста шанбегиҳо гузаронида мешаванд.

 

 

Пристави судии суди ноҳияи Ҷайҳун.

 Маҳмудзода Раҳматҷон Ҳомид.