Таъини ҷазои маъмурӣ барои пардохти ғайринақдии хизматрасонии комуналӣ.

Тибқи талаботи банди 1-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2023с “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъдхизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амали карда мешавад.

 

Қ А Р О Р

Дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ

20-уми майи соли 2024                                                                                                                                                                   ноҳияи Ҷайҳун

          Раиси суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Нурализода С.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмури нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Айларов Айлар Маҷлунович, санаи таваллудаш, 05.07.1956с, ҷои кораш мутахасиси шуъбаи кадр дар КДФ “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун, сокини ноҳияи Ҷайҳун, Ҷамоати деҳоти Панҷ, деҳаи Сомонӣ, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмури бо моддаи 541 (1) ҚҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамударо баррасӣ намуда;

М у а й я н    к а р д :

         Айларов Айлар Маҷлунович дар вазифаи мутахасиси шуъбаи кадр дар КДФ “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун кору фаъолият карда, санаи 07.04.2024с аз шаҳрвандон Ҷалолова Г.А. маблағи 100 сомонӣ ва Сафарова Г.М. маблағи 106 сомонӣ барои хизматрасонии ҳаққи партов бо тариқи нақдӣ гирифта, пасон бо мақсади пинҳон кардани кирдори худ, худи ҳамон руз маблағҳои мазкурро тавассути корти дигар шахс бо расидҳои №11 ва 13 ба филиали №47 КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷайҳун пардохт намудааст.

Тибқи талаботи банди 1-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2023с “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатнома, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд-хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амали карда мешавад.

Оиди ҳолати мазкур бо қарори муовини прокурори вилояти Хатлон аз 29.04.2024с парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 541(1) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз карда шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Айларов Айлар Маҷлунович дар мурофиаи судӣ худашро гунаҳгор шуморида нишон дод, ки дар воқеъ бо мақсади ворид шудани маблағ ба корхонаашон ва бо сабабе, ки муштариён корти бонки ва суратҳисоб надоштаанд аз ду муштари маблағи нақд қабул карда баъдан онро тариқи корд ба суратҳисоби КДФ “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун пардохт намуда будааст ва мақсади ӯ пардохт шудани маблағ ба корхонаашон будааст ва ӯ ин маблағҳоро барои худаш нагирифта будааст.

Бағайр аз худиқрории ҳуқуқвайронкунанда боз гуноҳи ӯ дар содир намудани ҳамин кирдор бо далелҳои ҷамъовардашуда аз ҷумла санади гирифтани ҳуҷҷатҳо, нусхаи расидҳо ва баёноти ӯ исботи худро ёфт.

Бинобарин судя кирдори ҳуқуқвайронкунанда Айларов Айлар Маҷлуновичро бо моддаи 541(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад, пешбинӣ намудааст, банду баст менамояд.

Ҳолатҳои сабуккунандаи ҳуқуқвайронкунанда тибқи талаботи моддаи 49 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва худиқрорист.

Ҳолатҳои вазнинкунанда тибқи талаботи моддаи 50 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори ў дида намешавад.

Раводиди моддаи 541(1)  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазоро дар шакли ҷарима ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбини намудааст.

Бо ҳамин асосҳо судя ҷазоро дар намуди ҷарима таъин менамояд.

Бо дастрасии моддаҳои 140,141 ва 150 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  судя,-

Қ а р о р   к а р д :

        Айларов Айлар Маҷлунович бо моддаи 541(1) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 720 (ҳафтсаду бист) сомонӣ, ба фоидаи давлат, таъин карда шавад.

Нисбати қарор дар муддати даҳ шабонарўз таввасути ҳамин суд ба суди вилояти Хатлон шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.

 

 

Раиси суди ноҳияи

Ҷайҳуни вилояти Хатлон:                                                                                                                                                                                                 Нурализода С.М.