Мавзӯъ: “Шарҳи мухтасари Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Ҷавобгарии маъмурӣ оид ба вайрон намудани қонуни мазкур (моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон)”
Маърузачӣ: Пристави судии суди ноҳияи Ҷайҳун
Маҳмудзода Раҳмматҷон Ҳомид.
Мӯҳтарам раис!
Ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2 августи соли 2011, таҳти №762 қабул гардидааст. Қонуни аз 6 боб ва 17 модда иборат мебошад.
Қонуни мазкур бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи Ҳуқуқӣ манфиатҳои фарзанд қабул карда шудааст. Қонуни мазкур гурӯҳи субъектоҳе, ки барои таълиму тарбияи фарзанд масъуланд муқарар мекунад.
Боби 1 Қонуни мазкур муқаррароти умумӣ ном дошта, аз 5 модда иборат мебошад:моддаи 1 “Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд”,моддаи 2 “Доираи Қонуни мазкур”,моддаи 3 Қонунгузории Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», моддаи 4 “Мафҳумҳои асосӣ” ва моддаи 5 “Вазифаи падару модар, омўзгор, давлат ва љомеа дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошанд.
Боби 2 Қонуни мазкур бошад Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ном дошта аз 4 модда, яъне моддаи 6 “Баробарии ҳуҳуқ ва уҳдадориҳои падару модар”, моддаи 7 “Ҳуқуқҳои падару модар тар таълиму тарбияи фарзанд”,моддаи 8 “Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд”ва моддаи 9 ”Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд” номгузорӣ карда шудааст.
Боби 3 Қонун “Ӯҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар”ном дошта аз 1 модда,яъне моддаи 10 “Ӯҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар” иборат мебошад.
Боби 4 “Ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим менамояд” аз 3 модда, моддаи 11 “Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд”, моддаи 12 “Ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд” ва моддаи 13 “Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак”-ро дарбар мегирад.
Боби 5 Қонуни мазкур “Чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд” ном дошта аз 3 модда иборат мебошад. Моддаи 14 “Чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар”,моддаи 15 “Ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд”,ва моддаи 16 “Ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд”.
Боби 6 Қонун “Муқаррароти хотимавӣ ном дошта аз 1 модда,яъне моддаи 17 “Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур”-ро ба танзим медарорад.
Ҳозирини гиромӣ.
Мувофиқи талаботи моддаи 4-и Қонуни мазкур, моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 1-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар қонунњо кӯӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни 18 сола нарасидааст.
Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар оила хушбахтиву иқболи нек меорад. Ҳоло дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст.
Тибқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 майи соли 2014,Таҳти №191 «Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, ки ҳамоҳангсозиии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдоро дар ин самт амалӣ менамояд, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак муайян шудааст».
Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Ҷайҳун тибқи нақша чорабинињои тасдиқгардида, ки аз талаботњои Қонуни мазукр бар меояд, яъне моддаи 4 зерхати 7 вати шабона аз 1 апрел то 30 сентябр аз соати 22:00 то 6:00 ва аз 1 октябр то 31 март аз соати 20:00 то 6:00 муайян шудааст, Комиссия дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ рейдҳои шабона ва рӯзона гузаронида дар натиҷаи ошкор гардидан ва ё бақайд гирифтани кӯдакон нисабти волидайнашон парвандањои ҳуқуквайронукнии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд пешнињод карда мешавад.
Тибқи моддаи 5 қисми 3-и Қонуни мазкур «Давлат барои таълиму тарбия ва њифзи кӯдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароњам меорад»
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 дар арафаи ҷашни байналмилалии «Наврўз»-и соли 2023 аз њисоби маблағҳои буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 18 нафар кӯдакони ятими кулл сару либос ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ин гуфтаҳо аз талаботи моддаи 5-и Қонуни мазкур бар меояд.
Тибқи моддаи 12-и Қонуни мазкур:
— ба раванди таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мусоидат намоянд;
— тарзи ҳаёти солимро таблиғ ва кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоянд;
— кӯдаконеро, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузоштаанд, ҳавасманд намоянд;
— падару модареро, ки ҳуқуқу ӯҳдарориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд муваффақона иҷро менамоянд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд;
— оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд;
— ҳангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва ӯҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд;
-дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расонидани кӯмаки педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модар «Рӯзҳои падару модар»-ро ташкил намоянд;
— дигар чорабиниҳоро оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатњои онҳо ташкил намоянд;
Чи тавре, ки дар боло зикр кардем оиди ҳавасманд намудан соли сипаригашта ба 26 нафар кӯдакон ифтихорномаҳои аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ба 13 нафар падару модар оиди иҷро кардани ӯҳдарориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд бо ифтихорнома ва бо туҳфаҳо сафароз гардонида шуданд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 оиди фаҳмондадиҳии мӯҳтавои Қонуни мазкур Суди ноҳияи Ҷайҳун 12 маротиба дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳия суҳбату вохуриҳо гузаронидааст.
Новобаста аз он, ки Суди ноҳияи Ҷайњун якҷоя бо Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия суҳбату вохуриҳо гузаронидааст, ҳастанд баъзе падару модар, ки талаботҳои қонуни мазкурро риоя намекунанд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 аз тарафи кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 219 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,яъне “аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон”-ро ба танзим медарорад,нисбати падару модарон оиди иҷро накардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тартиб дода, барои баррасӣ ба суди ноњия пешниҳод кардаанд,ки аз тарарафи суди ниҳия ба ҳуқуқвайронкунандагон ҷазои огоҳи ва ҷарима таъин карда шудааст.
Аз ин шумораҳои парвандаҳо 131 мурофиаҳои сайёри судӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ гузаронида шудаанд.
Суди ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия тибқи нақша чорабиниҳои аз тарафи суд гузаронидани суҳбату вохуриҳо, ҳавасманд намудани кӯдакон, ҳавасманд намудани падару модар, гузаронидани рейдҳои муштаррак, дастгирии оила ва ҳамкорӣ бо он дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои тибқи қонун ҳимояшавандаи кӯдак, таҳлили рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ҳар яки мо бояд Ватан-Модари худро бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён дӯст дорем, ба арзишҳои ҷовидонии миллӣ арҷ гузорем ва ниҳоят ҳамқадами замон бошем.
Умед дорем, ки ҳар як кӯдакону наврасони ноњияи Ҷайҳун ва ҷумҳурӣ дар оянда сазовори номи баланди фарзандони фарзонаи миллати тољдори тољик мегарданд.
Пристави судии суди
ноҳияи Ҷайҳун:- Маҳмудзода Р.Ҳ.